05:06 05 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
64 0 0

Cозмони ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 7 феврал ҳаво дар саросари кишвар тағйирёбандаи бебориш мешавад

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи камабр ва бебориш пешбинӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, бод аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 дараҷа сард ва рӯзона 3-2 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон абрноки тағйирёбанда мешавад. Дар ғарби вилоят шабона 9-14 дараҷа сард ва рӯзона 4-1 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 19-24 ва рӯзона 8-13 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, бод аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 3-2 дараҷа ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда,  дар баъзе ҷойҳо барфи кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа сард ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
боду ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ