Пешниҳоди Рустам Эмомалӣ қабул шуд: Раҷаббой Аҳмадзода вазифаи нав гирифт

© Пресс-служба президента РТПредседатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото
Председатель согдийской области Раджаббой Ахмадзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳамоиши ҳисоботию интихоботии ФФТ ширкаткунандагон якдилона номзадии пешниҳоди Рустам Эмомалиро қабул карданд

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Иҷрокунандаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо пешниҳоди президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ раиси ФФТ дар вилояти Суғд интихоб шуд. Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, 7 феврал дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд бо ширкати Раҷаббой Аҳмадзода ва ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов ҳамоиши ҳисоботию интихоботии Федератсияи футболи вилоят баргузор шуд.

"Аз руи масъалаи якуми рӯзномаи конференсия иштирокчиён номзадии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро, ки аз ҷониби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон  Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардидааст, ба вазифаи раиси Федератсияи футболи вилоят якдилона дастирӣ намуданд",- гуфта мешавад дар гузориши манбаъ.

Алишер Урунов ба Раҷаббой Аҳмадзода шаҳодатномаи раиси Федератсияи футболи вилояти Суғдро супорида, изҳори боварӣ намуд, ки футбол дар вилоят минбаъд рушди бештар хоҳад ёфт, меафзояд дафтари матбуотӣ.

Раиси нави Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода барои боварӣ ба ин вазифаи масъулиятнок ба роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон изҳори сипос намуда гуфт, Ҳукумати вилоят минбаъд кӯшиш ба харҷ хоҳад дод, ки варзишро дар минтақа рушд диҳад.

Соли 2017 барои футболбозони вилоят соли пурбарор буд. Дар ин сол дастаи "Хуҷанд" маротибаи чаҳорум соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шуд ва мақоми дуюмро дар чемпионати мамлакат аз худ намуда, ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё роҳхат гирифт.

Дар аввали мавсими соли сипаришуда мусобиқоти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, минтақаи Суғд бо шумули 8 даста гузаронида шуд, ки дастаҳои "Хуҷанд" ва "Ашт" дар марҳилаи ниҳоӣ иштирок намуданд Дар лигаи якум бошад, чаҳор даста аз вилоят дар чемпионати Тоҷикистон баромад намуданд, ки дастаи "Эсхата" дар байни 12 даста соҳиби медалҳои нуқра гардид. Дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюм (минтақаи Суғд) бошад 11 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд, ки дар натиҷа дастаи "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан ғолиби минтақавӣ гардид.

Лентаи хабарҳо
0