16:56 20 феврали 2018
Пахши мустақим
Ширкати Барқи тоҷик, акс аз бойгонӣ

"Барқи тоҷик" аз андоз беш аз 100 миллион сомонӣ қарздор будааст

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
38 0 0

Дар маҷмӯъ, то оғози 1 январи соли равон ҳаҷми қарзи андоз дар Тоҷикистон 768,5 миллион сомониро ташкил дод (зиёда аз 87 миллион доллар)

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Ширкати "Барқи Тоҷик" аз рӯи натиҷагириҳои соли 2017 дар байни қарздорони асосии андоз бузургтарин боқӣ мемонад, гузориш медиҳад Кумитаи андози Тоҷикистон.

Бино ба гуфтаи раиси Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода, маблағи қарзи "Барқи Тоҷик" дар соли гузашта 101 миллион сомонро ташкил медиҳад, ки баробар ба 11,5 миллион доллар аст.

Ба теъдоди қарздорҳои калони андоз ҳамчунин корхонаи нассоҷии "Ресандаи Қурғонтеппа" — бо қарзи 18,5 миллион сомонӣ, корхонаи "Ангишти Назарайлоқ" — бо ҳарзи 9 миллион сомонӣ ва ширкати "Умед-88" — бо ҳарзи 4.2 миллион сомонӣ шомиланд.

Дар остонаи 1-уми январи соли ҷорӣ ҳаҷми қарзи андоз дар Тоҷикистон 768,5 миллион сомониро (зиёда аз 87 миллион доллар) ташкил дод, ки тақрибан 100 миллион сомонӣ камтар аз нишондодҳои оғози соли 2017 мебошад.

Пештар гузориш дода шуда буд, ки Тоҷикистон пас аз бекор кардани андоз аз арзиши иловашуда қариб 17 миллион долларро аз даст хоҳад дод.

Чӣ тавре, ки раиси Кумитаи андози ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатзода иброз дошт, маблағи мазкур ба буҷаи давлатии кишвар ворид намешавад, аммо дар айни замон шароит барои офаридани ҷойҳои кории нав ва афзоиши истеҳсоли молҳо фароҳам меоянд.  

Хабар дода шудааст, ки аз пардохти ААИ воридоти фанновариҳои муосир барои корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ, корхонаҳои соҳаи паррандапарварӣ, ва ҳамчунин воридоти ашёи хом барои истеҳсоли либоси мактабӣ озод карда мешаванд.

Барчаспҳо:
қарз, Барқи тоҷик, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ