Сафир: ҷавонони тоҷик ба Русия таваҷҷӯҳ доранд

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкАудитория вуза
Аудитория вуза - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳоли ҳозир дар донишгоҳҳои Русия наздики 20 ҳазор донишҷӯй аз Тоҷикистон таҳсил мекунад. Дар ин бора сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин Фролов хабар дод

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Соли 2017 беш аз се ҳазор донишҷӯйи тоҷик барои таҳсил ба Русия рафтанд, гуфт Игор Лякин Фролов дар чорабиние ба муносибати Рӯзи дипломатияи Русия баргузор шуда буд.

Ӯ қайд карда, ки тавҷаҷҷӯҳи мардуми тоҷик ба маълумоти олии Русия ва фарҳангу забони ин кишвар дар сатҳи солҳои пеш нигоҳ дошта шудааст.

"Соли 2017 барои таҳсил ба Русия беш аз 3 ҳазор ҷавонони тоҷик сафар карданд. Дар ҳоли ҳозир дар донишгоҳҳои Русия наздики 20 ҳазор донишҷӯй аз Тоҷикистон илм меомӯзад, 8 ҳазори дигар дар Донишгоҳи Славянии Русия ва Тоҷикистон, филиалҳои донишогҳҳои Русия дар Душанбе МГУ ва МИСиС бо забони русӣ таҳсил мекунанд",-гуфт сафир.

Чрезвычайный и Полномочный Посол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Лякин-Фролов: равобити Тоҷикистону Русия рӯ ба авҷ аст

Ба гуфти вай соли 2017 бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон тарҳи хубе бо равон кардани 28 омӯзгори рус ба мактабҳои Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.

"Интизор меравад, ки замони роҳандозии ин тарҳ, ки фоидаовар аст, тамдид дода мешаваду ҷуғрофияи он васеътар мегардад", — қайд кард вай.

Дар навбати худ муовини аввали вазири хориҷаи Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ муносиботи дӯстонаи ду кишварро, ки даҳсолаҳо идома дорад "намунаи беназири муносиботи дуҷонибаи байнидавлатӣ" унвон кард.

"Рушди муносиботи гуногунҷабҳа бо Русия аз афзалияҳои сиёсати Тоҷикистон боқӣ мемонад. Муносиботи мо сатҳи баланди ҳамкорҳои стратегиро дар асоси боварӣ, ҳурмат ва ҳамдигарфаҳмӣ ба даст овард", — гуфт муовини вазир.

Лентаи хабарҳо
0