Китобхона ҳам таваҷҷӯҳ мехоҳад: китобхонаи шаҳрии Душанбе аз саховатпешагон кӯмак мепурсад

© Facebook / Информация для размышление Библеотека имени Лохути в Душанбе, архивное фото
Библеотека имени Лохути в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
25 соли баъди Истиқлолият гӯё аз ин китобхонаи шаҳрӣ фаромӯш карда буданд, ҳатто дар феҳристи Вазорати фарҳанг ва Вазорати маориф ҳам сабт нашуда будааст. Аммо ҳоло нақшаҳои роҳбарияти китобхона дигар аст: то дараҷае замонавӣ кардани аввалин китобхона дар Тоҷикистон, ки имсол 85-сола мешавад

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Роҳбарияти Китобхонаи  Лоҳутии шаҳри Душанбе ба нақша гирифтааст, барои ҷалби бештари хонандагон дар ҳавлиии китобхона як майдончаи варзишӣ бунёд кунад. Барои амалӣ кардани ин иқдоми худ, мудири китобхона Абдуқодир Талбаков аз эҳсонкорони дохиливу хориҷӣ кӯмак хостааст.

Тавре мудир дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон қайд кард,  китобхонаи Лоҳутӣ  аввалин китобхона дар Тоҷикистон мебошад, ки дар соли 1933 бунёд гардида, ягона китобхонаи шаҳрӣ дар Душанбе аст. Китобхона дар ҳудуди 1 гектар бунёд ёфта, як бинои сеошёна дорад.  Атрофаш ҳоло холӣ аст.

© Facebook / Абдукодир ТалбаковМудири Китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ
Абдукодир Талбаков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мудири Китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ

"Мо 40 метр ба 20 метр ҷой дорем,  имкон дорем, ки дар он ҷо як майдончаи варзишӣ барои теннис, футбол, валейбол ва ғайраҳо бунёд кунем", — мегӯяд Талбаков.

Ба гуфтаи мудири китрбхона, мақсад аз бунёди майдончаи варзиши, албатта ҷалби бештари насли наврас ва ҷавонон ба китобхониву китобхона мебошад.

Ҳоло роҳбарияти китобхона, ҳам ба эҳсонкорон муроҷиат кардааст ва ҳам ба шаҳрдории Душаенбе мактуб навиштааст.

"Нафароне, ки мехоҳанд кӯмак кунанд, метавонанд ё ба мо ва ё бевосита ба шаҳрдории Душанбе муроҷиат кунанд",- афзуд вай.

Ба гуфтаи Аблуқодир Талбаков, баъд аз Истиқлол гӯё дар Душанбе аз аввалин китобхонаи ҷумҳурӣ фаромӯш карда буданд. Баъзе асбобҳои китобхона  мерос аз даврони Иттиҳоди Шуровӣ будааст.  Вазорати фарҳанг ва маориф низ дар феҳристи худ ин китобхонаро сабт накарда будааст.

"Вақте ки ман ба китобхона омадам, маълум гардид, ки китобхона ҳатто дар феҳристи Вазорати маориф ва Вазорати фарҳанг набудааст. Ман ба вазир мактуб навишта, хоҳиш кардам, ки ҳамаи он китобҳое, ки дар тӯли 25 сол мунташир шудаанд, аз хазина ба китобхонаи Лоҳутӣ низ равон кунанд ва онҳоро гирифтам",- мегӯяд вай.

Имсол Китобхонаи Лоҳутӣ 85-сола мешавад. Роҳбарияти китобюхона нақша дорад, ки афзун ба майдончаи варзишӣ, толори китобҳои электронӣ ва боғ бунёд карда, барои хонандагон шароити беҳтар фароҳам оварад.

Ба таваҷҷӯҳи сокинони Душанбе мерасонем, ки ҳамчунин дар ин китобхона метавон китобҳоро барои мӯҳлати муайян ба иҷора гирифт.

Лентаи хабарҳо
0