19:49 23 майи 2018
Пахши мустақим
Таъйиноти кадрӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон раисони нави Бӯстону Исфараро таъйин кард

© Фото : Аз хадамоти матбуотии раисҷумҳур
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон (26)
145411

Имрӯз чанде аз масъулин бо қарорҳои раисҷумҳури Тоҷикистон аз симаташон барканор ва ба вазифаи дигар таъин шуданд

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар ин бора дар дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон Қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва фармонҳои раисҷумҳури Тоҷикистонро мунташир кардааст.

Бо фармонҳои раисҷумҳур раисони шаҳрҳои Исфара, Бӯстон ва ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, шаҳри Турсунзода, ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон таьин гардиданд.

Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, ки то ин вақт дар вазифаи раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд кор мекард, минбаъд дар вазифаи муовини якуми раиси вилояти Хатлон адои вазифа менамояд.

Бо фармони раисҷумҳур раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш озод карда шудаву, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара таъйин шудааст.

Дилшод Расулзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи шаҳри Исфараи вилояти Суғд озод карда шудааст.

Давлатзода Рухсора бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд озод карда шуд. Ба ҷои ӯ Ҳошимзода Раъно иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстони вилояти Суғд таъйин шудааст.

Вализода Абдуқодир Исуф бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон озод шуду ба ҷои ӯ муовини пешини Вазорати маорифи Тоҷикистон Одиназода Бозоралӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон таъйин шуд.

Бо фармони дигари раисҷумҳур, Вализода Абдуқодир иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода таъин шудуАшурзода Раҷаб Рӯзӣ раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд гардид.

Мавзуҳо:
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон (26)
Барчаспҳо:
тағйирот, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ