05:54 31 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
206 0 0

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзҳои истироҳатӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар аст

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Имрӯз, 10 феврал ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи абрнок мешавад. Дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 18-23 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мегардад.

Ба иттилои Агентӣ, дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, шамол аз самти шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона аз 3-2 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр ва бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  шабона 1-6дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа сард ва рӯзона 12 — 14 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
сардӣ, Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ