Бо дарду алам: ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

© Sputnik / Григорий Сысоев /POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Русия Владимир Путин ва мардуми ин кишвар ҳамдардӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар номаи таслияти раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла омадааст:

"Муҳтарам Владимир Владимирович, хабари фоҷеабори суқути ҳавопаймои мусофирбарро дар вилояти Маскав, ки боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо шаҳрвандони Федератсияи Русия гардид, бо андуҳи амиқ ва эҳсосоти дарду алам дарёфтам.

Дар робита ба ин талафоти вазнин бо шумо ғамшарик буда, ба наздикон ва пайвандони фавтидагон ҳамдардии самимии хешро изҳор менамоям".

Ёдоварӣ мекунем, ки шоми дирӯз ҳавопаймои Ан-148, ки аз Маскав ба Орск парвоз мекард дар ҳудуди ноҳияи Раменски вилояти Маскав суқут кард.

Дар дохили ҳавопаймо 71 кас қарор дошт. Аз ин ҳисоб дар паи суқут нафаре ҳам ҷон ба саломат набурд.

Лентаи хабарҳо
0