Барфу борон: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© © Sputnik / Амир ИсаевЗамерший пруд в ботаническом саде, Боги Ирам, архивное фото
Замерший пруд в ботаническом саде, Боги Ирам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, 12 феврал дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар аст

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва баъзе ноҳияҳо боридани барф ва вазиши боди сахт пешбинӣ мешавад.

Дар ВМКБ ҳаво тағйирёбандаи абрӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борону барф дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа сард ва рӯзона 1-6 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мегардад.

Восход солнца на острове Тиран (Tiran Island). Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳор қариб аст: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои офтобиву бебориш дар назар аст

Дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, бод аз сӯи шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-1 дараҷа сард ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрӣ шудаву, бод аз сӯи шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 2-3 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф пешбинӣ мешавад. Бод аз сӯи шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-2 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа сард ва рӯзона 11 — 13 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0