20:19 19 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Празднование Навруза. Архивное фото.

Наврӯз - ҷашни оғози соли нави миллии тоҷикон

© Sputnik / Максим Богодвид
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
156 0 0

Наврӯз яъне рӯзи нав, ҷашни оғози соли нав аст, ки мардумони эронитабор аз дер боз дар рӯзи баробар шудани шабу рӯз дар баҳор баргузор мекунанд

Наврӯз — ҷашни баробар шудани рӯзу шаб ва оғози соли нав дар миёни мардумони эронитабор аст, ки онро бархе аз турктаборон, аз он ҷумла дар Русия, Қафқоз, Осиёи Марказӣ ва Осиёи Хурд низ ҷашн мегиранд.

Пешинаи Наврӯз

Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои оғози соли нав дар ҷаҳон аст. Ин ҷашн, ки аз тамаддуни Шумеру Бобил рӯида, дар бистари фарҳанги эронӣ болиш ёфта ва аз омӯзаҳои дини зардуштӣ оканда шудааст.

Эрониёни бостонро бовар бар ин буд, ки дар ин рӯз Аҳурамаздо Зардуштро ба паёмбарӣ баргузида ва Таҳмурас бар девҳо пирӯз шуда ва Ҷамшед бар тахи шоҳаншаҳӣ нишаста ва Гуштоспу Катоюну Ҷомосп ба дини маздаяснӣ, яъне зардуштӣ, гаравидаанд.

Наврӯз дар замони подшоҳии Ҳахоманишиён (садаҳои VI — IV пеш аз милод), Ашкониён (садаҳои III пеш аз милод — III милодӣ) ва Сосониён (садаҳои III — VII милодӣ) ҷашни оғози расмии солшуморӣ буд.

Наврӯз ҳамчунин ҷашни оғози соли нав дар Суғд ва Хоразм буд ва Навсард номида мешуда, ки маънояш "Навсол" аст.

Дар даврони исломӣ низ бо рӯи кор омадани дудмонҳои эронии Тоҳириён, Саффориён, Сомониён ва Оли Буя ҷашни Наврӯз беш аз пеш густариш ёфт ва бо гузашти 1300 сол яке аз намодҳои аслии ҳувияти торихиву фарҳангии тамаддуни Эронзамин шуд.

Наврӯз дар замони ҳукуматҳои туркии Ғазнавиён, Қарохониён, Салҷуқиён ва Хоразмшоҳиён ва муғулии Қарахитоиён, Чағатоиён, Темуриён, Шибониён, Аштархониён ва Манғитиён бар сарзамини тоҷикон низ ҷашн гирифта мешуд, ҳарчанд гоҳе фармонравоёни бегона кӯшиш ҳам мекардаанд, ки мардумро аз ҷашн гирифтанаш боз доранд. Аммо аз он ҷое, ки Наврӯз оғози солшумории расмӣ ва молиётӣ низ буд, натавонистанд онро решакан кунанд. Бино ба додаҳои торихпажӯҳишон, Наврӯз дар садаи XIX ва оғози садаи XX дар саросари Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешуд.

Наврӯз дар замони Шуравӣ

Пас аз Инқилоби Бухоро дар соли 1920 низ Наврӯз ҳамчунон бо суннатҳои мардумиаш ҷашн гирифта мешуд. Вале аз солҳои 1930-ум, ки ҳукумати шуравӣ динситезиро пеша карду расму ойинҳои диниро маҳдуд кардан гирифт, Наврӯз низ иди соли нави мусулмонӣ шумурда шудаву ҷашн гирифтанашро маҳдуд кардан гирифтанд. Вале чунон, ки манобеъ нишон медиҳанд, мардум аз ин маҳдудиятҳо намекардаву Наврӯзро бо расму ойинҳояш ҷашн мегирифтааст. Аммо ин маҳдудиятҳо аз як сӯ ва ҷорӣ шудани солшумории милодӣ дар Тоҷикистон аз дигар сӯ кам-кам ҷойгоҳи Наврӯзро дар ҷомеъа камранг кард.

Ҳарчанд пажӯҳишгарону рӯзноманигорону адибону шоирон дар солҳои 1950 — 1960 бисёр ҷустору мақолаву шеърҳо дар бораи Наврӯз навиштаву ҷойгоҳашро дар ториху фарҳанги тоҷикон бозтоб додаанд. Аз ҳамин солҳои 1960-ум ҷашн гирифтани Наврӯз дар донишгоҳҳо оғоз шуд. Вале пажӯҳишгарон гуфтаанд, ки дар солҳои 1970-ум ҷашни Наврӯз дар миёни мардум чунон ранг бохта, ки рӯшанфикрон барои эҳёи он даст ба кор шудаанд. Ин кӯшишу талошҳо натиҷа дод ва нахустин бор дар соли 1980 ҷашни Наврӯзро дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо барномаву базм баргузор карданд.

Ду сол пас чунин барномаҳо дар дигар ноҳияҳо ва шаҳри Душанбе низ баргузор шуд. Дар поёни соли 1987 Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо қароре ҷашн гирифтани Наврӯзро дар кишвар раво кард. Бад-ин сон, ҳарчанд ҳукумати шуравӣ дар оғоз Наврӯзро ҷашни динӣ мешумурдаву бар гузор карданашро иҷоза намедода, вале чун мардум онро ҳамеша баргузор мекарда, давлат низ онро қонунан расмӣ кард.

Чаро Наврӯзро дар рӯзи эътидоли баҳорӣ ҷашн мегиранд?

Наврӯз аз он рӯ дар рӯзи эътидоли баҳорӣ ҷашн гирифта мешавад, ки аз рӯи солшумории хуршедӣ дар ин рӯз дар нимкураи шимолии Замин баҳор оғоз меёбад ва сол нав мешавад.

Солшумории хуршедӣ дар миёни мардумони эронитабор аз ду — се ҳазор сол пеш корбурд дорад ва бино бар он, соли нав дар замони баробар шудани шабу рӯз оғоз мешавад ки ба 20 — 21 март рост меояд.

Абурайҳони Берунӣ дар китоби "Осор-ул-боқия" аз Алӣ ибни Яҳё гуфтовард карда, ки "Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст" ва дар китобаш "ат-Тафҳим" менигорад, ки "нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст". Вай ҳамчунин овардааст, ки "чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динҳо аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тоза буд, Ҷамшед ид гирифтӣ, агарчи пеш аз он ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд".

Дар даврони Салҷуқиён, ба дастури Ҷалолиддин Маликшоҳ шуморе аз ситорашиносон, аз ҷумла ҳаким Умари Хайём, гоҳшумории хуршедиро дақиқ карданд ва Наврӯзро дар нахустин рӯзи баҳор, расидани Хуршед ба бурҷи Ҳамал, қарор доданд ва ҷойгоҳи онро собит карданд. Ин гоҳшуморӣ, ки ба "Тақвими Ҷалолӣ" маъруф шуд, бо андаке ислоҳ ҳамакнун солшумории расмии Эрон ва Афғонистон аст.

Ҳаким Умари Хайём дар ин бора дар рисолааш "Наврӯзнома" гуфта, ки "Аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад. Яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан. Чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт «Наврӯз» ном ниҳод ва ҷашн ойин овард. Ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд".

Дар гузашта замони фаро расидани Наврӯзро ахтарбинон дақиқ мекарданд. Акнун оғози солро ахтаршиносон баровард мекунанд ки лаҳзаи фаро расидани Соли наву Наврӯзро бо диққати кайҳоншинохтӣ то як сония таъйин мекунанд.

Наврӯзро чанд рӯз ҷашн мегиранд?

Дар гузашта Наврӯзро дувоздаҳ рӯз ҷашн мегирифтаанд. Дар панҷ рӯзи нахуст Наврӯзро бо хонавода ҷашн мегирифтаанд ва сипас аз хешону пайвандону дӯстон дидорбинӣ мекардаанд. Нӯҳум рӯз Наврӯзи Шаҳриёрон будааст. Сездаҳум рӯзро мардум аз деҳаву шаҳрҳо ба берун мерафтаву ҷашн мегирифтаанд. Ин ойин ҳануз ҳам дар Эрон бар по мешавад ва онро "сездаҳбадар" мегӯянд. Дар Афғонистон ва Тоҷикистон низ касоне сездаҳбадарро баргузор мекунанд. Акнун Наврӯз дар Тоҷикистон расман чаҳор рӯз — 21 то 24 март ҷашн гирифта мешавад.

Ойинҳои наврӯзӣ

Наврӯз чун оғози баҳору сол аст, рӯзшумори фаро расиданаш аз ҷашни Сада оғоз меёбад, ки 50 рӯз пеш аз он меояд. Яке дигар аз муқаддимаҳои Наврӯз ҷашни чаҳоршанбеи сурӣ аст, ки дар охирин рӯзи чоршанбе пеш аз фаро расидани Наврӯз баргузор мешавад. Мардум сешанбешаб оташе меафрӯзанд ва гирдаш базму бозӣ мекунанду ҳар аз гоҳе аз оташ меҷаҳанду мегӯянд "сурхии ту аз ман, зардии ман аз ту". Бархе ин ҷашнро зардуштӣ шумурдаанд, вале бояд донист, ки оташ дар дини зардуштӣ намоди Офаридгор аст ва ҷаҳидан аз болояш на танҳо раво нест, ки гуноҳ низ дониста мешавад.   

Гулгардонӣ яке дигар аз ойинҳои наврӯзӣ аст, ки реша дар куҳантарин замонҳо дорад. Гулгардониро кӯдакон баргузор мекунанд ва гуле ба даст гирифта хона ба хона мегарданд ва бо хондани шеъру суруд мардумро аз фаро расидани баҳор огоҳ мекунанд. Мардум муждарасонҳоро бо шириниву кулчақанду меваҳо ширинком мекунад.

Яке дигар аз ойинҳои Наврӯз "хонатаконӣ" аст. Мардум пеш аз ҷашн ҳар чи кӯҳнаву фарсуда аст, аз хона берун мебаранд. Занҳо хонаро пок мерӯбанду зарфҳову пӯшоку пардаву кӯрпаву палосро шуставу дарзмол мекунанд. Мардҳо дару панҷараву деворҳоро рангубор ва ҷӯйборҳоро пок мекунанд. Дар хонаҳо гулу хушбӯиҳо мегузоранд. Барои дасторхони наврӯзӣ меваву тарабору хушкбор, шириниҳову шарбату хуришҳо мехаранад.

Пухтани суманак яке аз муҳимтарин ойинҳои наврӯзӣ аст. Дар гузашта аз Сада то Наврӯз дувоздаҳ гуна ғалларо дар зарфҳое мекоштанд ва аз рӯи онҳо пешбинӣ мекарданд, ки он сол кадом ғалла беҳтар хоҳад рӯид ва ҳамонро пас аз Наврӯз мекоштанд. Аз гандуме, ки дар ин зарфҳо мерӯид, суманак омода мекарданд.

Дар Наврӯз дасторхони "ҳафтсин" меороянд, ки аз себ, сабза, сирко, санҷид, сикка, сир ва суманак омода мешавад. ҳар кадоме аз ин меваву ашё маъное дорад: себ — аломати зебоӣ, сабза, яъне донаҳои сабзидаи тухми гандум — рамзи зиндагӣ, эҳёи ҳаёт, сирко — дарозумрӣ ва сабру тоқат, санҷид — меҳру муҳаббати поку беолоиш, сикка — сарвату дороӣ, шукуфоӣ, сир — тандурустӣ ва дур гаштан аз бадбахтию нокомӣ ва суманак — намоди фаровониву осудагӣ аст.

Аз ин ҳафт "син" муҳимтаринашон суманак аст, ки омода карданаш худ як яке аз ойинҳои наврӯзӣ аст. Чунончи, се рӯз пеш аз Наврӯз донаҳои гандумро бар зарфе тахту ҳамвор гузошта рӯяшон об мепошанд ва болояшонро бо дока мепӯшонанд. Сипас сабзаҳои наврустаро бо корд реза-реза мекунанд ва обашонро полуда бо орду обу рӯған меомезанд ва дар дег андохта меҷӯшонанду то бомдод бо кафлес мекованд. Суманакро занҳо мепазанд ва ҳангоми пухтани он суруд мехонанд.

Яке аз ойинҳои наврӯзӣ диду боздидҳо аз хешовандону ҳамсояҳову дӯстону ошноён аст. Дар ин миён аз даргузаштагон низ ёд мешавад ва рафтан ба мазорашон расмест, ки реша дар рӯзгори бисёр куҳан дорад. Ниёкони тоҷикон бар ин бовар буданд, ки дар нахустин рӯзҳои Наврӯз равони даргузаштагонашон ба хонаҳояшон бар мегарданд. Ин бовар дар номи моҳи фарвардин — нахустин моҳи солшумории хуршедӣ боз мондааст, ки дар "Авесто" "фравашӣ" руҳи даргузаштагони порсову неӯкорро мегуфтаанд.

Ҳамом рафтану пӯшидани пӯшоки нав низ яке дигар аз ойинҳои Наврӯз аст.

Баргузории зӯрозмоиҳо дар Наврӯз аз ойинҳои бисёр куҳан аст. Яке аз маъруфтарин ва муҳимтарин мусобиқаҳои варзишӣ дар Наврӯз куштигирӣ буда, ки дар Тоҷикистон бештарин тамошобинро гирд меоварад. Дар ин мусобиқаҳо паҳлавонҳо аз саросари кишвар ба майдон меоянд ва зӯрашонро месанҷанд. Қаҳрамонҳо бо ҷоизаҳои гаронбаҳо — аз фаршу палосу гову гӯспанд то аспу худрав сарфароз гардонда мешаванд.

Ҳамчунин дар Наврӯз мусобиқаҳои аспдавонӣ ва чавгонбозӣ баргузор мешаванд. Дар бисёре аз шаҳру рустоҳо мусобиқаҳои волейбол, баскетбол, футбол ва шатранҷ низ баргузор мекунанд.

Дар канори ин мусобиқаҳо маълуман хурӯсҷангу кабкҷанг низ баргузор мешавад, ки аз дилхушиҳои қадимӣ ҳастанд.

Яке дигар аз ойинҳои наврӯзӣ баргузории маросими бахткушоён аст, ки дар бархе аз шаҳру рустоҳо барпо мешавад. Ҳадаф аз баргузории он шинос кардани ҷавонону духтарон бо якдигар аст то ҳамсар бар гузинанд. Дар ин рӯз ҷавондухтарон пероҳанҳои зебои баҳорӣ ба тан карда ба чорбоғҳо мераванд. Ҷавонмардҳо, ки дар чорбоғҳо чашм ба роҳашон ҳастанд, ҳар кадоме себи сурхе ба дасти писараке барои духтари хушкардааш мефиристад. Ин пайкҳои себовар ному нишони ҷавонҳоро ба духтарон мегӯянд. Агар духтар низ он ҷавонро хуш кунад, себашро мегирад, ки паёмест ба он ҷавон барои фиристодани хостгор ба хонаи духтар.

Аз дигар ойинҳои наврӯзӣ хӯрок додан ба бенавоёну ниёзмандон аст, ки онро "деги дарвешон" меноманд ва дар нахустин рӯзҳои наврӯзӣ баргузор мешавад. Мардум дастҷамъона палав, ҳариса ё лағмон мепазанд ва онро дар масҷидҳо ба бенавоёну ниёзмандон медиҳанд.

Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз

Моҳи сентябри соли 2009 ЮНЕСКО Наврӯзро дар феҳрасти осори фарҳангии башар шомил карда ва 23 феврали соли 2010 Маҷмаъи умумии СММ 21 мартро "Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз" эълом кард. Ин эъломия бо ибтикори Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Албания, Македония, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Туркия тасвиб шуда буд.

Дар Эрон ва Афғонистон Наврӯз ҷашни оғози расмии солшуморӣ аст. Дар дигар кишварҳо онро чун ҷашни баҳор бар по мекунанд.

Как отмечают Навруз в Таджикистане
© Sputnik
Как отмечают Навруз в Таджикистане

Мавзуъ

Наврӯзи байналмилалӣ дар Панҷиканд таҷлил мешавад
Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ дар боғи Наврӯзгоҳ бодом шинонданд
Эрон пешниҳод карда, ки ҷашнвораи наврӯзии Тоҷикистон дар Шероз баргузор шавад
Барчаспҳо:
Соли нав, Наврӯз, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ