Борон меборад: ҳавои имрӯзи Тоҷикистон тағйирёбанда аст

© Фото : Из личного архива Х.ИшанхановойПрирода Памира
Природа Памира - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани барфу борон дар назар аст

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Имрӯз, 13 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо боридани барфу борон дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа сард ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи абрнок шуда, дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 15-20 ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, танҳо дар нимаи дуюми рӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо ҳаво шабона 3-2 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-5 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, танҳо дар нимаи дуюми рӯз боридани борон пешбинӣ мешавад. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа сард ва рӯзона 12 — 14 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0