20:38 19 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Тоҷиксодиротбонк, акс аз бойгонӣ

Саргардонии муштариёни ду бонки буҳронзадаи Тоҷикистон

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
84 0 0

Ду бонки буҳронзадаи Тоҷикистон, шомили “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвесбонк” дар ду соли гузашта бо нотавонӣ дар пардохти пули муштариёни худ, муҷиби саргардонии онҳо шудаанд

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Ба гузориши "Парстудэй", мудирияти ин ду бонки буҳронзада бо худдорӣ аз эъломи расмии варшикастагии ин марокизи молӣ, рӯзона ба муштариёни худ пас аз соатҳо истодан дар суфуфи тӯлонӣ танҳо 200 сомонӣ (22 доллар) пардохт мекунанд, ки муҷиби норизоиятии талабкорон шудааст.

Муштариёни ин бонкҳо тайи рӯзҳои ахир ба набуди ваҷҳи нақд дар худпардозҳову сохтмонҳои марказии ин ду бонк эътироз доштаву гуфтаанд, ҳатто ҳамон 200 сомонии ваъдадодашударо низ наметавонанд дарёфт кунанд.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз қабл Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон мизони қарзҳои ду бонки буҳронзадаи "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" ба муштариёнро 170 миллион доллар (як миллиарду 500 миллион сомонӣ) эълом кард.

Вай таъкид кардааст, ин бонкҳо барои пардохти қарзи худ бояд амволу дороиҳои худро ба фурӯш бигузоранд, зеро кумаки се миллиарду 300 миллион сомонӣ (муодили 374 миллион доллар)-и давлати Тоҷикистон ба ин ду бонк дар соли 2017 низ натавонист вазъи нобасомони молии ин марокизро беҳбуд бахшад.

Ҳоҷӣ Муҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик низ муътақид аст, мудирони ин бонкҳо барои хуруҷ аз ин вазъият ва тасвияҳисоб (ҳисобу китоб) бо муштариён чорае ҷуз фурӯши амволу дороиҳои ин марокизи молӣ надоранд, зеро супурдаи муштариёни худро барои сохтусозҳои мухталиф ҳазина кардаву акнун ба чунин рӯзе афтодаанд.

Барчаспҳо:
саргардонӣ, мардум, Тоҷиксодиротбонк, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ