19:35 23 майи 2018
Пахши мустақим
Дастбанд, акс аз бойгонӣ

Дар Фархор аз дӯкони дандонпизишкие 83 дандони тиллоро дуздиданд

© REUTERS / Samrang Pring
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
98 0 0

Ба иттиҳоми дуздӣ як ҷавони 23-солаи сокини деҳаи Дарқади ноҳияи мазкур боздошт шудааст

ДУШАНБЕ, 15 фев- Sputnik. Дар Фархор аз дӯкони дандонпизишкие 83 дандони тиллоро дуздиданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ба Шуъбаи Вазорати умури дохила  дар ноҳияи Фархор марди 48-солаи сокини ноҳияи мазкур шикоят кардааст, ки шаби 8-ум ба 9-уми январи соли 2018, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди дӯкони дандонпизишкиаш шуда,  6000-сомонӣ ва 83-дона дандонҳои тиллоиро тасарруф карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

"Зимни доир намудани амалиёти бозҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса марди 23-солаи сокини деҳаи Дарқади ноҳияи Фархор бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Аз рӯи ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
тилло, дуздӣ, дандонпизишк, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ