Раиси нави шаҳри Исфара пешпардохти андозро манъ кард

© Facebook / Икбол ТешаевМэр города Исфары Саломзода Сиджоуддин
Мэр города Исфары Саломзода Сиджоуддин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сиҷоуддин Саломзода пас аз таҳлили вазъи молиявию иқтисодии шаҳр ва далелҳои асосии иҷро нашудани будҷаи шаҳри Исфара ба хотири минбаъд халалдор насохтани фаъолияти андозсупорандагон талаби пешпардохт кардани маблағи андозро манъ намуд

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии Ҳукумати шаҳри Исфара хабар медиҳад, бо дастури раиси навтаъини шаҳр Сиҷоуддин Саломзода  дар Исфара пешпардошти андоз мамнӯъ гардид.

Бино бар иттилои манбаъ, шаҳрдорпас аз таҳлили  вазъи молиявию иқтисодӣ, мушкилот ва сабабу омилҳои асосии иҷро нагардидани буҷети давлатӣ, ба хотири минбаъд халалдор насохтани фаъолияти андозсупорандагон талаби пешпардохт кардани маблағи андозро манъ намуд.

"Яке аз монеаи асосии пешрафти истеҳсолоту тиҷорат, хизматрасониҳо ва рушди соҳибкорӣ, инчунин нокифоягии маблағҳои гардишӣ дар ихтиёри хоҷагидорон, маҳз пешакӣ ситонидани андоз маҳсуб меёбад",- таъкид доштааст Саломзода.

Водитель автобуса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Корпартоии ронандагони троллейбусҳо: андоз қимат аст

Аз ин лиҳоз, масъулини сохторҳои дахлдор барои риояи муқаррароти қонунгузории марбута, таъмини шаффофияти кор дар самти ҷамъоварии андоз, истифодаи сарчашмаҳои мавҷуда ва дарёфти захираҳои дигари қонунии андозбандӣ вазифадор карда шуданд.

Гуфта мешавад, мудирони як қатор корхонаҳои саноатии шаҳр, аз ҷумла ҶСК "Корхонаи кимиёвӣ", Ҷамъияти муштараки "Петролеум Суғд", Корхонаи сементбарории Исфара, ки ташаккулдиҳандагони асосии буҷет маҳсуб меёбанд, инчунин соҳибкороне, ки дар самти истеҳсолот фаъолият мебаранд, дар раванди ҷаласа аз ин иқдоми дурандешонаи раиси шаҳр изҳори қаноатмандӣ карданд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ҳамзамон ба роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва соҳибмулкони корхонаҳои истеҳсолӣ дастур дод, ки ҷавобан ба ин иқдом, қатъи назар аз шакли моликияташон барои истифодаи ҳарчӣ бештари иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, роҳандозии самтҳои нави фаъолият ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот амалан корбарию мусоидат намоянд.

Ёдрас мешавем, чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйиротӣ кадрӣ ба амал оварда, раисони нави Исфара ва Бӯстонро таъин кард.

 

Лентаи хабарҳо
0