"Наздики 30 дарсади мардуми Тоҷикистон - камбизоатанд"

© Sputnik / Амир ИсаевРынок Мехргон, архивное фото
Рынок Мехргон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тайи 10 соли охир сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба андозаи 24,3 фоиз коҳиш ёфта, имрӯз ин сатҳ то ҳол қариб 30 фоиз боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Оҷонси омори Тоҷикистон мегӯяд, 30 дарсади мардуми Тоҷикистон камбизотаанд.

Тавре намояндагони ожонс дар рафти нишасти матбуотӣ хабар доданд, тайи 10 соли охир сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба андозаи 24,3 дарсад коҳиш ёфта, имрӯз ин сатҳ то ҳол қариб 30 фисад боқӣ мемонад.

"Соли 2017 сатҳи камбизоатӣ дар муқоиса бо соли 2016 — 1,4 дарсад поин рафта, 29,7 дарсад (соли гузашта — 30,3 дарсад)-ро ташкил дод", — мегӯяд зимни  Гулнора Ҳасанзода, директори Ожонси омори назди президенти Тоҷикистон.

Тавре вай афзуд,  10 сол пеш сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи 53,5 фоиз ба қайд гирифта шуда буд.

Тоҷикистониён дар куҷо кор мекунанд ва чӣ қадар маош мегиранд? - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистониён дар куҷо кор мекунанд ва чӣ қадар маош мегиранд?

Бино ба маълумоти Агентӣ, музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналӣ дар моҳи ноябри соли 2017 — 1174 сомониро ташкил дода, дар муқоиса бо моҳи ноябри соли 2016 — 11,1 фоиз афзудааст. Айни замон музди меҳнати минималӣ 400 сомониро ташкил медиҳад.

Музди меҳнати аз ҳама пасттарин моҳи декабри соли 2017 дар бахши кишоварзӣ, шикор ва хоҷагии ҷангал — 523,37 сомонӣ ва кормандони соҳаи моҳипарварӣ — 690,54 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Маоши аз ҳама баландтарин дар ин давра дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ ва коркарди конҳо — 2426,03 сомонӣ, сохтмон — 2214,59 сомонӣ ва бахшҳои электроэнергетика ва таъминот бо об — 1684,21 сомонӣ сабт гардидааст.

Дар соҳаи хизматгузорӣ аз ҳама зиёдтар кормандони соҳаи миёнаравии молӣ — 2927 сомонӣ, бахши нақлиёт, анбордорӣ ва алоқа — 2187 сомонӣ ва соҳаи муомилот бо амволи ғайриманқул ва фаъолияти тиҷоратӣ — 1533 сомонӣ маош гирифтаанд.

Лентаи хабарҳо
0