Вазир Рамазон Раҳимзода аз фаъолияти милисаҳо қаноатманд шуд

© Фото : МВД Республики ТаджикистанМинистр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото
Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазир гуфт, самараи фаъолияти кормандони ВУД сол то сол беҳтар гардида, саҳми онҳо дар иҷрои саривақтии вазифаҳои хизматии хеш, пешгирӣ, ошкор ва мубориза ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин бештар аст

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Тавре равобити умуми Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гузориш медиҳад, имрӯз вазири умури дохилӣ генерал-полковники милиса Рамазон Раҳимзода аз корҳои созандагӣ дар ду ниҳоди ВУД — Раёсати тафтишот ва Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД шинос гардид.

Бино бар иттилои манбаъ, нахуст вазир аз ҳуҷраҳои кории муфаттишон ва ободонии роҳравҳо ва он гӯшаву шиорҳое, ки донистану тибқи онҳо ҳамарӯза амал намудан барои корманди милитсия ҳатмиву зарурӣ мебошад, дидан намуд.

Гуфта мешавад, Рамазон Раҳимзода ҳамзамон барои беҳтарсозии фаъолият ва бо дасту дили пок фаъолият намудан ба ҳайати шахсии Раёсати тафтишот дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Манбаъ меафзояд, дар рафти суханронӣ дар раёсат вазири умури дохила аз фаъолияти кормандони ниҳод изҳори қаноатмандӣ кард.

"Генерал-полковники милиса  Рамазон Раҳимзода аз натиҷаҳои хизматии ҳайъати шахсии ин Раёсат сухан ронда, гуфт,  самараи фаъолияти кормандон сол то сол беҳтар гардида, саҳми онҳо дар иҷрои саривақтии вазифаҳои хизматии хеш, пешгирӣ, ошкор ва мубориза ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин бештар аст",-тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Дар идомаи суханронӣ мавсуф ҳайати шахсии ин сохторро ба ватандӯстиву садоқат ба Савганд даъват намуда, ба онҳо дар кору хизмат ва мубориза ба муқобили таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла пешгирии терроризму экстремизм пешравию муваффақиятҳо таманно намуд.

Ёдрас мешавем, чанде пеш дар Қасри Хофбурги Австрия ҷаласаи навбатии Шўрои амниятии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) баргузор гардид, ки дар он Раҳимзода низ ширкат дошт.

Дар ин ҷаласа Рамазон Раҳимзода суханронӣ намуда, ҳозиринро бо ҷараёни ислоҳоти милиса ва дар ин раванд нисбати корҳои ба анҷом расонидашудаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин густариши муносибатҳо бо САҲА ошно намуд.

Лентаи хабарҳо
0