13:19 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Борон. Акс аз бойгонӣ

Обу ҳаво: имрӯз дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон борону барф меборад

© Sputnik / Виталий Аньков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
114 0 0

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок гашта, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф пешбинӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Имрӯз, 20 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф пешгӯӣ карда мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 20-25 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи абрнок шуда, дар ғарб ва шарқи вилоят боридани барф дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 3-8 ва рӯзона 1-4 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 8-13 дараҷа сард ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Рӯзона шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 20-25 метр дар як сония мевазад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи камабр дар назар буда, рӯзона боридани борон пешбинӣ карда мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва баъзан то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 8-10 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
зимистон, барф, борон, Ожонси ҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ