Гаронии нархи парвози Душанбе-Маскав пули Тоҷикистонро камарзиш кард

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкТень летящего самолета, архивное фото
Тень летящего самолета, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баланд шудани нарх дар Тоҷикистон дар асоси гароншавии мавсимии чиптаҳои ҳавопаймо ба парвози байналмилалии Душанбе-Москва ба амал омадааст

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Тавре Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст, баландшавии нархи парвози Душанбе-Маскав ба таваррум дар Тоҷикистон таъсири худро расонидааст.

"Ба таваррум асосан баланд шудани нарх ба хидмарасониҳои пулӣ ба аҳолӣ таъсир расонид. Аз ҷумла, баланд шудани нархҳо ба гороншавии мавсимии нархи чиптаҳо вобаста буд, ки 82 дарсадро ташкил медод",- омадааст дар гузориш.

Аммо бино бар иттилои бонк, дар ин ҳол нархи хӯрока зиёд тағйир наёфтааст.

"Аз колоҳои ғайрихӯрокӣ нархи бензин ба 1,1 дарсад гарон шуд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Поён шудани нархи маводи хӯрока асосан аз арзон шудани нархи орд, ки  1 дарсадро ташкил медод,  вобаста будааст.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки Ширкати русии "Уральские авиалинии" дар моҳи март ба нақша гирифтааст, ки аз фурудгоҳи Жуковский ба Кӯлоб парвози нав анҷом диҳад.

Аввалин парвоз аз 7 мартсурат хоҳад гирифт. Чиптаҳоро метавон онлайн аз интернет харидорӣ кард. Нархи билет ба як тараф 14 ҳазору 243 рублро ташкил медиҳад.

Ҳоло ширкати "Уральские авиалинии" аз фурудгоҳи Жуковский ба Душанбе ва Хуҷанд парвоз анҷом медиҳад. Нархи парвоз аз Маскав ба Душанбе 25 ҳазор рубл аст.

Лентаи хабарҳо
0