01:13 03 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
120 0 0

Имрӯз, 21 феврал дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф дар назар аст

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва баъзе ноҳияҳо боридани барф ва вазиши боди сахт пешбинӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борон пешбинӣ мешавад. Бод аз сӯи ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-3 дараҷа ва рӯзона 5-7 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани барф дар назар аст. Дар ғарби вилоят шабона 3-8 ва рӯзона 1-4 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 10-15 дараҷа сард ва рӯзона 0-5 дараҷа сард мегардад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок гашта, борон меборад. Рӯзона бод аз сӯи ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 3-5 ва рӯзона 12-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи камабр дар назар буда, боридани борони кӯтоҳмуддат  пешбинӣ мешавад. Бод аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
барфу борон, боду ҳаво, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ