03:14 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Рустам Эмомалӣ

Оғози омодагиҳо барои таҷлили Наврӯз-2018 дар Душанбе

© Сайт мэрии города Душанбе
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
173 0 0

Шаҳрдории Душанбе барои таҷлили Наврӯз-2018 омодагӣ мебинад

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз – 2018 тасдиқ гардид.

Ба гузориши равобити умумии шаҳрдории душанбе, тибқи қарори мазкур раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ баргузор намудани Иди байналмилалии Наврӯз — 2018 вазифадор гардиданд.

Дар ин росто Раёсатҳои ВКД, Кумитаи давлатии амният, раёсатҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ, тандурустӣ, назорати давлатии бойторӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии "Ёрии таъҷилӣ", вазифадор шудаанд, ки бехатарии зиддисӯхтор, сифати маҳсулоти воридшуда ва риояи талаботи санитарию гигиенӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Мавзуҳо:
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
Барчаспҳо:
омодагӣ ба таҷлили Наврӯз, Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ