25 соли артиш: Раисҷумҳур ба низомиёни Тоҷикистон рутбаҳои ҳарбӣ дод

© Дафтари матбуотии раисҷумҳури ТоҷикистонТақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳо ба низомиёни Тоҷикистон
Тақдими мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳо ба низомиёни Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 25 - умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як гуруҳ хизматчиёни ҳарбиро барои хизмати намунавии ҳарбӣ, саҳми арзанда дар таҳкими артиши миллӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардонид

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Рӯзи гузашта, 22 феврал  раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанде аз низомиёни кишварро бо рутбаҳои ҳарбӣ ва мукофотҳои давлатӣ сарфароз кард.

Бино бар иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон,  4 нафар бо ордени "Спитамен дараҷаи II", 5 нафар бо медали "Ҷасорат", 5 нафар бо медали "Хизмати шоиста", 2 нафар бо медали "Шафқат" ва 12 нафар бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон открыл Центр управления Вооруженными силами Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон Маркази идоракунии Қувваҳои мусаллаҳро ифтитоҳ кард

Ҳамин тавр, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо рутбаи навбатии ҳарбии генерал-полковник, ба генерал лейтенанти гвардия Раҷабалӣ Раҳмоналӣ — муовини якуми раиси КДАМ, Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ генерал — полковник, ба генерал — майор Собирзода Эмомалӣ — Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Вазири мудофиа генерал-лейтенант, ба генерал — майор Файзизода Латифҷон Мирзо — мушовири Вазири мудофиа рутбаи навбатии генерал-лейтенант, ба полковник Эгамзод Шараф Худойбердӣ — муовини сардори ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ генерал — майор, ба полковник Донаёрзода Меҳваршо Зевар — сардори раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал — майор, ба полковник Бачабекзода Саёрабек Ҷиёнӣ — сардори раёсати қушунҳои муҳандисии ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаи генерал — майор, ба полковник Охунзода Ихтиёр Неъматулло — муовини аввали фармондеҳ, сардори сарситоди қушунҳои хушкигарди Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ генерал — майор, ба полковник Қурбонов Темур Пайшанбиевич — муовини аввали фармондеҳ, сардори Сарситоди қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТгенерал — майор, ба полковник Раҳимов Фозил Файзиевич сардори раёсат оид ба масъалаҳои амнияти ҳарбӣ дар котиботи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ рутбаи низомии генерал — майор, ба полковники адлия Султонзода Сулаймон Саид — директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ рутбаи махсуси генерал — майори адлия ва ба Каримзода Зайниддин Маҳмадалӣ — командири бригадаи посбоникунандаи рақами 6593-и сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ рутбаи генерал-майори адлия супорида шуд.

Ҳамчунин бо фармони раисҷумҳурБоронзода Вайсиддин Абдураҳмон — командири қисми ҳарбии 02011 қушунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, Миравар Хушбахт Миршакар — муовини аввали сардори ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, Муминзода Бахтиёр Мумин — командири қисми ҳарбии 01972 қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, Одиназода Муссо Неъмат — сардори раёсати ташкил ва сафарбарӣ, муовини сардори ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ бо ордени "Спитамен дараҷаи II" сарфароз гардонида шуданд.

Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон аз Николай Патрушев пуштибонии низомӣ хост

Хизматҳои содиқонаи афсарон Асозода Абдулмумин Додхудо — командири қисми ҳарбии 04080 қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадҷонзода Анвар Аҳмадҷон — сардори шуъба-сардори қӯшунҳои ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологии ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Азизулло Гадо — сардори бозрасии марказии ҳарбии автомобилии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муродзода Туйчи Эргаш — командири қисми ҳарбии 03377 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоҳусейнзода Диловар Гадо — командири қисми ҳарбии 07012 қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали "Ҷасорат" қадр карда шуд.

Барои фаъолияти пурмаҳсул ва хизмати намунавии ҳарбӣ Қосимзода Назараҳмад Қурбон — сардори хадамоти ҳамлу нақли ҳарбии ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, Мирумшозода Бахтиёр Давлатшо — сардори шуъбаи тайёрии ҷангии раёсати қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, Нурзода Зафар Гурез — сардори ситод — муовини аввали командири қисми ҳарбии 02615 Вазорати мудофиаи ҶТ, Холмадзода Бахтиёр Холмад — муовини сардори раёсат-сардори шуъбаи инспектории раёсати инспексияи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷонов Акрамҷон Амроҷонович — роҳбари дастгоҳи раиси кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҶТ бо медали "Хизмати шоиста" сазовор дониста шуданд.

Исломзода Умар Ислом — сардори раёсати тиббӣ-ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳамадзода Раҳмад — командири қисми ҳарбии 08030 қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали "Шафқат" сарфароз гардиданд.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи хизматчиёни ҳарбиро барои сазовор шудан бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ шодбош гуфта, тамоми афсарону сарбозони шуҷои кишварро бо санаи муҳими таърихӣ 25 — умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфт.  Эмомалӣ Раҳмон нипзомиёни кишварро ба хизмати содиқона бар нафъи давлату миллат ва таъмини амнияту суботи сарзамин даъват кард.

Лентаи хабарҳо
0