11:27 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали

Дар Душанбе барои ду сол боз як роҳ баста мешавад. Муҷассамаи Синоро мекӯчонанд

© Фото : Сайт мэрии города Душанбе
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
68920

Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ қарореро ба имзо расонид, ки мувофиқи он роҳи нақлиётӣ дар ҳудуди Қаряи Боло вобаста бо сохтмони чорсӯи нақлиётии сесатҳа баста мешавад

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Қарори мазкур аз ҷониби шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ бо инобати муроҷиати Вазорати нақлиёти ҶТ  ҷиҳати гузаронидани корҳои сохтмонию азнавсозии роҳҳои автомобилгард ва таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар иншооти "Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе — Турсунзода — сарҳади Ӯзбекистон" қабул шудааст.

Ҳамчунин дар ин қарор сохтмони чорроҳаи сесатҳа дар бурриши ҳалқаи хиёбони Исмоили  Сомонӣ бо хиёбони Абӯалӣ ибни Сино, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар буриши хиёбони Нусратулло Махсум бо кӯчаи Маяковский, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ дар бурриши хиёбони Нусратулло Махсум бо кӯчаи Баҳоваддинов ва таҷдиди роҳ  хиёбони Нусратулло Махсум"  ба назар гирифта шудааст.

Дар ҳуҷҷати мазкур гуфта мешавад, бинобар оғоз гардидани марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ дар роҳи автомобилгарди хиёбону кӯчаҳои Исмоили Сомонӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Нусратулло Махсум, Баҳоваддинов ва Маяковский ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз 26 феврали соли 2018 манъ карда шавад.

Ҳаракат ва танзими нақлиёти автомобилии мусофирбари истифодаи умум ва дигар воситаҳои нақлиётро дар хиёбону кӯчаҳои ҳамшафат роҳ монда мешавад.

Ҳамчунин тавре аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд, барои иҷрои тарҳи мазкур, муҷассамаи Абӯали ибни Сино, ки соли 1984 дар ҳудуди Қаряи Боло қомат афрохта буд, ба ҷойи дигар кӯчонида мешавад.

Шаҳрдории Душанбе иқдоми кӯчонидани муҷассамаро чунин тавзеҳ додааст, ки он барои амалӣ кардани тарҳи роҳи нав ба миён омад ва дар ҷойи муҷассама убургоҳи зеризаминӣ сохта мешавад.

Ҳамчунин ҳангоми иҷрои тарҳи мазкур наздики 3 ҳазор дарахт решакан шуда ва бархе аз марказҳои хурди савдо бардошта мешаванд. Дарвозаи шарқии Душанбе низ  гирифта хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
қарор, Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ