Вазорат аз ошкор шудани боз ду фоҳишахона дар Душанбе хабар дод

© Sputnik / Игорь ЛогвинВанная в общежитии сотрудников фермы ООО “Славянка М,”
Ванная в общежитии сотрудников фермы ООО “Славянка М,” - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гуфта мешавад, дар ташкили фоҳишахона як зани 49-сола ва як ҷавони 17-сола муттаҳам карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Тавре Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе ду фоҳишахонаи дигар аз ҷониби малиса ошкор карда шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, ба иттиҳоми ташкили фоҳишахона як зани 49-сола ва як ҷавони 17-сола дастгир гардидаанд.

Гуфта мешавад, зани гумонбаршуда, 20 феврал манзили истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 25-сола ва зани 34-солаи сокинони пойтахт барои муносибатҳои маҳрамона шароит фароҳам оварда, аз онҳо 120-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Ҳамчунин, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур, ҷавони 17-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ низ ҳамчун гумонбар дар ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир шудааст.

Ин ҷавон 10-уми феврлали соли 2018, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 34-сола ва зани 27-солаи сокинони пойтахт барои муносибатҳои маҳрамона шароит фароҳам оварда, аз онҳо 300-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Тафтишот муайян намудааст, ки ҳамчунин ӯ рӯзи 14-уми феврали соли 2018, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода будааст.

Ин қазия мавриди тафтиш қарор дорад, менависад дафтари матбуотии ВУД.

 

Лентаи хабарҳо
0