Раисҷумҳур дар ҷамъомади тантанавии ҷашни артиш ширкат кард

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кишвардор дар ҷамъомади тантанавӣ суханронӣ карда, аз 25-соли бурду бохти артиши Тоҷикистон ёдовар шуд. Ҳунармандон пас аз баромади раисҷумҳур бо барномаҳои рангин афсарону аскарон ва ҳозиронро бо 25-солагии ташкили артиши миллӣ муборакбод гуфтанд

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Имрӯз дар Кохи Борбад раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон нахуст тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва кулли шаҳрвандони кишварро бо санаи муҳими таърихӣ 25 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.

Таджикская певица Нигина Амонкулова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳунарнамоии ситораҳои тоҷик бахшида ба Рӯзи артиш дар "Кохи Борбад"

Сарвари давлат таъкид дошт,  ки ҳанӯз бисту панҷ сол пеш ба дӯши ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат сарнавишти давлат, тақдири миллат ва сулҳу суботи кишвар вогузор шуда буд ва имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки хизматчиёни ҳарбӣ аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон бо сарбаландӣ баромаданд.

Раисҷумҳур афзуд, мақсади асосӣ аз таъсис додани Артиши миллӣ ташкили нерӯи ҳарбие буд, ки ба ҳифзи истиқлолияту озодии кишвар қодир бошад ва якпорчагиву тамомияти арзии онро таъмин намояд.

"Гузашти солҳо нишон доданд, ки бо шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ — фарзандони бонангу номуси Ватан дар кишвари азизамон ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, барои сулҳу суботи устувор заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд",-гуфт кишвардор.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбии мамлакат анъанаҳои хуби Қувваҳои Мусаллаҳро идома бахшида, минбаъд низ ҳифзи зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи халқи хешро бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби  худ —  иҷро менамояд. 

Дар охир президент бори дигар тамоми ҳайати шахсии ҷузъу томҳои низомии мамлакатро ба ифтихори бисту панҷсолагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик гуфта, ба ҳамаи онҳо саломативу сарбаландӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани соҳибистиқлоламон рӯҳи шикастнопазир ва иродаи қавӣ орзу кард.

Ҷамъомади идонаро барномаи  консертӣ бо иштироки аҳли ҳунару фарҳанги кишвар шукуҳи тоза бахшид, ки туҳфаи арзандае барои афсарону сарбозони содиқи ҷумҳурӣ мебошад, омадааст дар гузориши дафтари матбуотӣ.

Лентаи хабарҳо
0