20:08 17 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Истгоҳ дар Душанбе

Нофаҳмӣ: Шаҳрдорӣ дубора нархи роҳкироро дар Душанбе арзон кард

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
109310

Чанде пеш бо қарори шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ ба тарофаҳои нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ тағйирот ворид карда шуда буд

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Тавре расонаҳои Тоҷикистон гузориш медиҳанд, нархи роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашони Душанбе, ки бо қарори шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ аз 20 феврал гарон шуда буд, то 1-уми март ба тарофаи пештара баробар карда шуд.

Тавре аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд, тарофаи нав, ки дар нақлиёти ҷамъиятӣ аз 20-уми феврал ҷорӣ карда шуда буд, байни мусофирон ва ронандаҳо нофаҳмиеро ба миён овардааст.

"Бо ҳамин далел шаҳрдорӣ тасмим гирифт, ки иҷрои қарори мазкур то 1-уми март ба таъхир андохта шавад ва дар ин муддат шаҳрдорӣ ва ширкатҳои нақлиётӣ байни мардум ва ронандаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд.Ин вазъро бори дигар шаҳрдорӣ омӯхта мебарояд",- қайд кардааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, аз 20 феврал бо қарори шаҳрдори Душанбе Русатам Эмомалӣ ба тарофаҳои нархи роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе тағйирот ворид карда шуда буд. Мувофиқи он нархи роҳкиро дар троллейбусҳо 30 дирам ва дар хатсайрҳои наздишаҳрӣ 40 дирам гарон шуда буд.

Нархи роҳкиро дар автобусҳо ва маршруткаҳо тағйир наёфта — 1 сомониву 20 дирам барои як билет, дар маршруткаҳо то охири хатсайр 1 сомониву 60 дирамро ташкил медод.

"Нархи роҳкирои автобусҳое, ки бо реҷаи экспресс фаъолият мекунанд 1 сомониву 50 дирамро ташкил медиҳад",- гуфта мешуд дар қарори шаҳрдор.

Корбарони интернетӣ низ дар гурӯҳҳои фейсбукӣ шикоят карда буданд, ки бархе аз ронандаҳои нақлиёти ҷамъиятии пойтахт аз тарофаи нав ба таври худ истифода бурда, нархи роҳкироро худсарона муайян мекарданд.

Барчаспҳо:
қарор, нақлиёт, шаҳрдорӣ, Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ