19:18 05 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Таҷлили Наврӯз дар Душанбе

Бори аввал дар Тоҷикистон ҷашнвораи "Наврӯз-меъроси фарҳангии сайёҳӣ" баргузор мешавад

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
11010

Ҷашнвора рӯзи 22 март дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Интизор меравад, ки дар ҳошияи фестивали Наврӯз сайёҳои хориҷии зиёде ба Тоҷикистон биёянд

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон бори аввал Ҷашнвораи "Наврӯз-меъроси фарҳангии сайёҳӣ" баргузор мешавад. Фестивали мазкур бо ибтикори президенти ФФТ Рустам Эмомалӣ бахшида ба соли рушди сайёҳӣ баргузор хоҳад шуд.

Тавре раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода хабар додааст, ҷашнвораи "Наврӯз-меъроси фарҳангии сайёҳӣ" рӯзи 22 март дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дар фестивали мазкур ҷашни байналмилалии Наврўз ҳамчун симои  сайёҳии Тоҷикистон ба сайёҳон, ки дар арафаи Наврўз ба Тоҷикистон ташриф меоранд, муаррифӣ карда шавад. Ширкатҳои сайёҳии ватанӣ имкониятҳои сайёҳии кишвар,   ҳунармандони ҷумҳурӣ бошанд маҳсули ҳунарҳои дастии худро ба маърази тамошо мегузоранд ва барномаи фароғатӣ-сайёҳӣ ташкил карда мешавад.

Қарор аст ин тадобир минбаъд ба ҳукми анъана дароварда,  ба   усули  доимии ҷалби сайёҳони хориҷӣ табдил дода шавад.

Бояд зикр намуд,  ки барои муаррифии Наврўзи байналмилалӣ ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ корҳои муайян анҷом дода шуда, дар назар аст, ки имсол гуруҳҳои сайёҳон барои  ширкат дар  таҷлили  Иди байналмилалии Наврӯз   ба Тоҷикистон сафар мекунанд.

Ҷашни Наврӯз, ки аз қадимтарин идҳои тоҷикон маҳсуб меёбад, бо хусусиятҳои хоси худ яке аз афзалиятҳои муҳими Тоҷикистон барои ҷалби таваҷҷуҳи чомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тамаддунофари халқи тоҷик мебошад.

Аз сӯи дигар Наврӯз ҳамчун омили таҳкими ҳуввияти миллӣ ва бедор кардани ҳиси ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди мардум ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудани симои мамлакат ҳамчун кишвари дорои тамаддуни қадима ва захираҳои бузурги сайёҳидошта мусоидат менамояд.

Мавзуҳо:
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
Барчаспҳо:
Наврӯз, ҷашнвора, Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ