20:39 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.55
  • RUB0.15
Машина милиции в Душанбе, архивное фото

Ронандае, ки ду кӯдакро дар шаҳри Душанбе зер карда буд, дастгир шуд

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
103 0 0

Ин ронанда ду кӯдакро дар гузаргоҳ зери чарх гирифтаву аз онҷо гурехта буд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Ронандае, ки дар шаҳри Душанбе ду кӯдакро зери чарх гирифта буд, дастгир шуд, гузориш медиҳад Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе.

Ба гузориши ин ниҳод, ин ронанда 22 феврал дар гузаргоҳе дар хиёбони Абай ду пиёдарави хурдсолро зер кардааст. Дар натиҷа Ҳамза Норови 10-сола ва Дилноза Нороваи 11-сола сахт захмӣ шуда ва дар роҳ ба бемористон ҷон бохтанд.

Навори мудҳиши чери чархи мошин мондани модару кӯдак
© предоставленное очевидцем видео с камеры наблюдения

Кормандони милиса дар паи амалиёти бозҷуст ин ронандаро дастгир карданд. Вай Маъруф Шарифов ном дошта ва 25-сола аст.

Дар бозпурсӣ ҳамчунин ошкор шуда, ки вай кӯдаконро бо худраве зер гирифтааст, ки шумораи сабти давлатиаш аз худрави дигаре будааст. Вай ҳамчунин гувоҳиномаи ронандагӣ надоштааст.

Маъруф Шарифов ҳамакнун дар боздошт қарор дорад ва парвандааш такмил мешавад.

Бар асоси муқаррароти Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, ронандагоне, ки ду ё бештар касро куштаву захмӣ карда бошанд, аз 5 то 10 сол зиндон мешаванд. Дар сурате, ки ронанда гувоҳинома надошта бошад, 10 то 15 сол аз умарашро дар зиндон ба сар хоҳад бурд.

Мавзуъ

Муъҷиза! кӯдаке аз зери чархи худрав зинда баромад. Навор
Пас аз марги 52 муҳоҷир: дар Қазоқистон боз худрав дар гирифт
Ронадаи гурезпо: чӣ гуна худраве пас аз садама аз ҷойи ҳодиса нопадид шуд (НАВОР)
Барчаспҳо:
зер кардани пиёдаравон, тасодуфи ронандагӣ, РВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ