09:17 09 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
122 0 0

Cозмони ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 28 феврал ҳаво дар саросари кишвар тағйирёбандаи бебориш мешавад

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи камабр ва бебориш пешбинӣ шуда дар баъзе ҷойҳо меғ мефарояд.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, меғ мефарояд. Бод аз сӯи шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешбинӣ шудааст. Ҳаво  шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳаво  тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҷойҳо меғ мефарояд. Бод аз сӯи шарқ шабона 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 6-11 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр шуда, дар баъзе ноҳияҳо меғ мефрояд.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда пешбинӣ шуда, ҳаво шабона 4-6 ва рӯзона 19-21 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
боду ҳаво, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ