07:32 22 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Раҷаббой Аҳмадзода, акс аз бойгонӣ

Пеш аз ифтитоҳ: Аҳмадзода аз гузаргоҳи марзии Тоҷикистону Узбакистон дидан кард

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской области
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
219 0 0

Бо иқдоми роҳбарияти олии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Узбакистон қарор аст ин дидбонгоҳи сарҳадӣ ифтитоҳ шавад

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ашт аз дидбонгоҳи сарҳадии "Навбунёд", воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Пунуки ноҳия боздид намуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд.

Ҳангоми боздид роҳбари вилоят бо рафти корҳои бунёдкорӣ шинос гардида, ҷиҳати анҷоми корҳо ба масъулин дастур дод. Маврид ба зикр аст, ки дидбонгоҳи сарҳадии "Навбунёд" дар марз бо Ҷумҳурии Узбакистон қарор дорад. Бо иқдоми роҳбарияти олии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Узбакистон қарор аст ин дидбонгоҳи сарҳадӣ ифтитоҳ шавад.

Пештар раиси вилоят дар гузаргоҳи марзии "Фотеҳобод"-и Масчо-марзи Тоҷикистону Узбакистон ниҳол шинонида буд.

Ҳангоми боздид аз ин гузаргоҳ Раҷаббой Аҳмадзода бо шинонидани ниҳол ба корҳои ободонӣ бештар таваҷҷуҳ намуда, масъулинро вазифадор карда буд, то дар ин самт диққати махсус бидиҳанд.

Чанде пеш хабар дода шуд, ки як гузаргоҳи дигар байни Тоҷикистон ва Узбакистон боз шуд. Акнун  шаҳрвандони Узбакистон, ки дар шаҳрҳои Оҳангарону Бекобод ва ноҳияҳои Бекобод, Пскент, Оҳангарон ва Бӯка дар вилояти Тошканд зиндагӣ мекунанд, метавонанд аз гузаргоҳи марзии "Ойбек" ба Тоҷикистон сафар кунанд.

Ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ноҳияҳои Ашт, Масчо ва Бобоҷон Ғафуров зиндагӣ мекунанд, метавонанд аз ин гузаргоҳ ба қаламрави Узбакистон ворид шаванд.

Барчаспҳо:
ифтитоҳ, гузаргоҳи марзӣ, Раҷаббой Аҳмадзода, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ