23:53 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Боздиди низомиёни Покистон аз Академияи ВКД

Боздиди низомиёни баландпояи Покистон аз Академияи ВКД Тоҷикистон

© МВД Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
63 0 0

Гурӯҳи кории Покистон дар ҳайъати шахсони воломақоми низомӣ, таҳти сарварии Эҳсон Ғанӣ - Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва Муҳаммад Сиддиқӣ - муовини вазири корҳои дохилӣ, аз Академияи ВКД боздид кардаанд

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД Тоҷикистон, меҳмононро дар саҳни Академияи ВКД, роҳбарият ва ҳайъати профессорону омӯзгорон пешвоз гирифтаанд.

Меҳмонон дар ин дидор бо роҳбарият ва ҳайъати профессорону омӯзгорон сӯҳбати ихтисосӣ кардаанд.

Низомиёни покистонӣ аз бинои нави Академияи ВКД, боздид кардаанд.

Ба иттилоъи манбаъ, зимни боздид аз бинои Академия диққати меҳмононро раванди омода намудани мутахассисон дар самти пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ дар Академияи ВКД ба худ ҷалб кардааст.

Дар анҷоми вохӯрӣ гурӯҳи кории Покистон ба Академияи ВКД, аз меҳмоннавозӣ ва сӯҳбатҳо изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кардаанд, ки тамоми кӯшишу ғайрати хешро дар самти тақвияти бештари ҳамкориҳои дуҷониба бо Вазорати корҳои дохилӣ, алалхусус Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон сарф хоҳанд кард.

Пештар хабар дод ашуд, ки Покистон дар паи танишҳо дар равобити Исломобод ва Вашингтон расман ҳамкориҳои дифоъӣ ва иттилоъотии худ бо Амрикоро боз истонид.

Вазири дифоъи Покистон Хуррам Дастгирхон расман эълом кард, ки ҳамкориҳои дифоъии Исломобод бо Вашингтон боз истонда шудаанд.

Барчаспҳо:
боздид, ВКД-и Тоҷикистон, Покистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ