Раъду барқ: шаҳрвандони Тоҷикистонро аз бад шудани ҳаво огоҳ карданд

© SputnikДушанбе, архивное фото
Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар паи бориши бисёри борону барф дар кӯҳсор, рӯдҳо пуроб шуда ва туғён хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огаҳии шаҳрвандон мерасонад, ки ҳаво дар наздиктарин рӯзҳо боронӣ шуда ва кӯҳсори баландтар аз 2000 метр барф хоҳад борид.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон эҳтимоли ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Противолавинная галерея, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Меғ мефарояд: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Дар баъзеи дигар ноҳияҳо, ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шиддатёбии вазиши бод аз ҷониби ғарб то 19-24 метр дар як сония дар назар аст.

Ба гузориши оҷонсии обуҳавошиносӣ, дар натиҷаи боришоти зиёде, ки ба дарёҳои қаторкӯҳи Ҳисор, инчунин дарёҳои Ёхсу, Қизилсӯ ҷорӣ мешаванд, баландшавии якбораи сатҳи об дар назар аст.

Дар робита ба ин гуна вазъи обу ҳаво сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ гуфтааст, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолии ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо бештар эҳтиёткор бошанд.

Рӯзи сешанбе, 27 феврал ҳам дар паи боришҳои бисёр дар саргаҳи рӯдҳои кӯҳистонҳои Ҳисор ва Рашт, рӯдҳои Ёхсу, Қизилсу ва дигар рӯдҳо пуроб шуда буданд.

Лентаи хабарҳо
0