20:53 20 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
204 0 0

Нимаи дуюми рӯзи 1 март дар вазъияти тантанавӣ гузаргоҳии сарҳадии “Равот” низ расман кушода шуд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад, гузаргоҳии марзии "Равот", ки дар бо Узбакистон дар шаҳри Конибодом аст, расман кушода шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар маросими кушодашавии гузаргоҳ раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ ва Раиси вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев, инчунин теъдоди зиёди сокинони ҳар ду тараф иштирок намуданд.

Раиси вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев зимни суханронии худ изҳор дошт, ки бо боз шудани гузаргоҳи сарҳадӣ робитаҳои тарафайн густариш ёфта, халқҳои тоҷику ӯзбек дар анъанаи деринаи ҳамсоядориро идома медиҳанд.

Раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ бозшавии гузаргоҳро воқеаи таърихӣ унвон карда, таъкид намуд, ки муносибатҳои ду кишвари дӯст боз ҳам қавитар хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, нимаи аввали рӯзи 1 март бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва намояндагони вилоятҳои ҳаммарзи Узбакистон гузаргоҳҳои сарҳадии "Саразм-Ҷартепа", "Уротеппа-Кушкент", "Зафаробод-Хавостобод", "Хавотоғ-Учтурғон", "Ҳаштияк — Бекобод" ва "Навбунёд-Поп" расман боз гардид буд.

Ҳамин тариқ рӯзи 1 марти соли равон 7 гузаргоҳи сарҳадии миёни Тоҷикистону Узбакистон боз гардид.

Барчаспҳо:
бозшавӣ, гузаргоҳи марзӣ, Ғайбулло Боҳирӣ, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ