Рустам Эмомалӣ вакилони халқи Душанберо ба маҷлис даъват кард

© Пресс-служба президента РТМэр города Душанбе Рустам Эмомали, архивное фото
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум 15 марти соли 2018, соати 9:00 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии Ҳукумати шаҳри Душанбе хабар медиҳад, шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ қарореро ба тавсиб расонида, вакилони халқи пойтахтро ба иҷлосия даъват кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум 15 марти соли 2018, соати 9:00 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Тибқи қарори Рустам Эмомалӣ дар маҷлис якчанд масъала дида баромада мешавад.

Соҳаи маориф ва беҳтарнамоии раванди таълим дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, ҳифзи муҳити зист ва сохтомон, номгузорӣ ва номивазкунии маҳалҳову кӯчаҳо, мубориза бо фасод ва ғайраҳо аз ҷумлаи масоиле мебошад, ки вакилон дар ин даъват баррасӣ хоҳанд кард.  

Шаҳрдор аз вакилони Маҷлиси  халқи Душанбе, даъвати панҷум хоҳиш кардааст, ки т дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум пешниҳодҳои мушаххасро манзур намоянд.

Лентаи хабарҳо
0