11:49 09 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
38 0 0

Cозмони ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 5 март ҳаво дар саросари кишвар тағйирёбандаи бебориш мешавад

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва бебориш пешбинӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо фаромадани меғ дар назар аст. Бод аз сӯи шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Борон, акс аз бойгонӣ
© Sputnik / Евгений Одиноков

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешбинӣ шудааст. Ҳаво  шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳаво  тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Бод аз сӯи шарқ 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 5-10 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр шуда, дар баъзе ноҳияҳо меғ мефарояд.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда пешбинӣ шуда, ҳаво шабона 4-6 ва рӯзона 17-19 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
боду ҳаво, бебориш, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ