18:44 20 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Шамъ. Акс аз бойгонӣ

Даргузашти падари Бузургмеҳр Ёров дар Душанбе

CC BY-SA 2.0 / Flickr / Shawn Carpenter / Candle
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
72 0 0

Падари вакили дифои маҳкумшуда Бузургмеҳр Ёров, нависандаи маъруфи Тоҷикистон Равшани Ёрмуҳаммад дирӯз 4 март дар Душанбе даргузашт

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Нависандаи маъруф ва падари вакили дифои маҳкумшуда, Равшани Ёрмуҳаммад дар синни 76-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора расонаҳои тоҷикӣ хабар медиҳад.

Ҷасади адиби 76-соларо дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон, ки зодгоҳаш аст, ба хок супурдаанд.

Равшани Ёрмуҳаммад муаллифи китобҳои "Шоҳбузи сафед", "Қиссаи шаҳри беҷон ё Саргузашти духтари бофанда", "Гӯркоб", "Қиссаҳои "Буду набуд", романи Бармакиён", қиссаҳои "Тӯфони Нӯҳ" ва "Хоб ва бедорӣ" ва ғайраҳо мебошад.

Писари марҳум вакилли дифоъ,  Бузургмеҳр Ёров тирамоҳи соли 2015 ба иттиҳоми "қаллобӣ" ва "сохтакории ҳуҷҷатҳо" ба ҳабс гирифта шуд. Ҳабс баъди аз ҷониби Ёров тасмим гирифтан ба ҳимояи ҳуқуқҳои аъзои Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломӣ сурат гирифта буд.

Вакиди дифоъ Бузургмеҳр Ёров дар маҷмӯъ ба 28 соли зиндон махқум шудааст. Бародар ва хоҳараш Ҷамшед ва Хосият Тоҷикистонро тарк карда, дар хориҷи кишвар қарор доранд.

Барчаспҳо:
даргузашт, Равшани Ёрмуҳаммад, Бузургмеҳр Ёров, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ