21:44 17 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Работа ТЭЦ Душанбе-2. Архивное фото

Малайзия ва Чин дар Тоҷикистон нерӯгоҳи гарморасонӣ месозанд

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
220 0 0

Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати малайзии HOS International Trading SDN BHD соли 2013 қарордоде барои сохтусози нерӯгоҳи гарморасонии “Шӯроб” имзо карда буданд

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Ширкати малайзии HOS International Trading SDN BHD ва чанде аз ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон нерӯгоҳи гарморасонии “Шӯроб”-ро хоҳанд сохт, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон иттилоъ дода, ки намояндагони ин ширкати малайзӣ чанде пеш аз шаҳраки Шӯроб дар ноҳияи Исфара боздид карда ва гузорише аз захоири ангиштсанг дар минтақае дарёфт кардаанд, ки қарор аст нерӯгоҳи гарморасонӣ онҷо сохта шавад.

Ширкати HOS International Trading SDN BHD тааҳҳуд карда, ки то поёни моҳи март натоиҷи имконсанҷии ниҳоии ин тарҳро ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мекунад.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ гуфта, ки тарҳи сохтусози нерӯгоҳи гарморасонӣ дар Шӯроб, ки 300 МВт зарфият хоҳад дошт, бо ҳазинаи 400 милюн дулор сармоягузории мустақим иҷро хоҳад шуд.

Ширкати сармоягузор кони ангиштсанги Шӯробро 30 сол дар ихтиёр хоҳад дошт. Барқеро, ки ин нерӯгоҳ тавлид хоҳад кард, ширкати давлатии “Барқи тоҷик” ба масрафкунандагон хоҳад фурӯхт.

Пештар хабар дода шуд, ки сармоягузороне аз Туркия дар вилояти Суғд якчанд меҳмонхона хоҳанд сохт. Раҳбарии ин вилоят ҳамчунин ба сармоягузорони турк пешниҳод карда, ки тарҳи бунёди гармхона барои кошту парвариши бодиринг, помидор ва гул, сохтсуози корхонаи пӯшоки кӯдаконаро низ баррасӣ кунанд.

Мавзуъ

Чин барои бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ дар Суғд 30 миллион сомонӣ медиҳад
Барчаспҳо:
Шӯроб, нерӯгоҳи гарморасонӣ, HOS International Trading SDN BHD, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, Малайзия, Чин, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ