10:56 23 июли 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.93
  • RUB0.15
баҳори Душанбе

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
35 0 0

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Имрӯз, 6 март дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-10 дараҷа ва рӯзона 17-19 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешгӯӣ шудааст. Ҳаво шабона 3-2 дараҷа сард ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат шабона 8-13 ва рӯзона 20-25 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр дар назар дошта шудааст. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бебориш пешбинӣ шуда, шабона 5-10 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
ҳавои гарм, баҳор, Ожонси ҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ