Кормандони Вазорати нақлиётро бо фарҳанги либоспӯшӣ ошно карданд

© Flickr \ Сайт президента РТЖенщины Таджикистана
Женщины Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз фарҳанги либоспӯшӣ ва риояи он дар корхонаю ҷойҳои ҷамъиятӣ огоҳ кардаанд

ДУШАНБЕ, 11 мар- Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ин Вазорат, дар ин росто дар ин ниҳод семинари машваратӣ баргузор шудааст.

Дар Вазорати нақлиёти оҷикистон семинари машваратӣ оид фарҳанги либоспушӣ ва риояи он дар корхона ва ҷойҳои ҷамъиятӣ аз тарафи хизматчиёни давлатии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии сардори раёсати корҳои Вазорати нақлиёт, Усмонов Субҳон баргузор гардидааст.

Деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нархи бензин, пӯшок ва масолеҳи сохтмонӣ дар Тоҷикистон гарон шудааст

Дар ҷаласа мудири Шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оила,  Азимова Маҳбуба,  кормандони дастгоҳи марказии Вазорат, намояндагони тамоми муассиса ва корхонаҳои зерсохтори Вазорат ширкат кардаанд.

"Азимова Маҳбуба ба ҳозирин оид ба фарҳанги либоспушӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, риояи интизоми меҳнат ва дуруст истифода кардани либоси расмӣ дар коргоҳҳо маълумот дод",-омадааст дар хабарнома.

Пештар хабар дода шуд, ки Кормандони вазорат ва кумитаҳои Тоҷикистон пӯшоки якхелае, ки дар он рамз ё нишони ниҳоди онҳо барчасп шудааст, хоҳанд пӯшид.

Пӯшоки кормандони дастгоҳи раисҷумҳур ранги обӣ хоҳад дошт.

Кормандони кумитаи умури занон ва хонаводаҳо ва кумитаи мудирияти замин ва геодезӣ барои пӯшокҳо андозаҳои худро доранд.

Намунаи пӯшокҳои миллии занонаро Вазорати фарҳанг, Кумитаи занон ва Кумитаи умури ҷавонони назди ҳукумати ҶТ омода кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0