Раҳимзода ҳамтои узбакашро бо фаъолияти "Шаҳри бехатар" ошно кард

© Фото : Аз ВУДВазрони корҳои дохилаи Тоҷикистону Узбакистон
Вазрони корҳои дохилаи Тоҷикистону Узбакистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилии Узбакистон Бобоҷонов Пулатро бо фаъолияти Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт "Шаҳри бехатар" ошно кард

ДУШАНБЕ, 12 мар- Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, вазири корҳои дохилии Узбакистон Бобоҷонов Пулат аз тарзи корбарии камераҳои мушоҳидавии «Шаҳри бехатар», назорати кормандони соҳа аз болои ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дидан кардааст.

Зимни боздид вазири корҳои дохилии Тоҷикистон  қайд кардааст, ки тавассути камераҳои мушоҳидавии "Шаҳри бехатар" дар баробари ошкору пешгирии ҷинояту қоидавайронкунии роҳу нақлиёт, инчунин ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар ошкор намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мусоидат менамояд.

Дидори вазирони Тоҷикистону Узбакистон - Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои дохилаи Узбакистон пешниҳодҳои Раҳимзодаро қабул кард

Вазири корҳои дохилии Узбакистон Бобоҷонов Пулат аз ин дастоварди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, зикр кардааст, ки онҳо низ тасмим доранд дар ояндаи наздик дар шаҳрҳои калонтарини кишвари худ чунин низоми худкорро ба роҳ монанд.

Дар хотимаи вохӯрӣ, ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда дар фазои дӯстию бародарӣ изҳори боварӣ намудаанд.   

Лентаи хабарҳо
0