04:51 23 июли 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.93
  • RUB0.15
Дар роҳи Душанбе-Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ

Ҳушдори КҲФ аз тармафароӣ ва селу ярч: ҳушёр бошед

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
73 0 0

Ҳаракати мошинҳо дар роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ, ки баста буд, аз сар гирифта шудааст, аммо хатари лағзиши тарма, омадани селу ярч бартараф нашудааст

ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз фаромадани тарма ва селу ярч ҳушдор медиҳад.

Тарма сабабгори масдуд шудани роҳ дар километри 72-уми роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ шуд. Болоравии сатҳи оби рӯдхона муддате ҳаракат дар роҳи Душанбе-Рашт-Лахш-Қирғизистонро ҳам қатъ кард.

Ҳоло ҳаракати мошинҳо дар ин минтақаҳо аз сар гирифта шудааст, аммо хатари лағзиши тарма, омадани селу ярч бартараф нашудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад, ки мардум эҳтиёткор бошанд.

Боронҳои шадид ва резиши барф, ки 10-уми марти соли равон, лағзиши тарма ва омадани селро ба дунбол дошт.

Чунончӣ, дар 72-умин километри роҳи мошингарди Душанбе – Айнӣ резиши барф сабабгори лағзиши тарма шуд. Бино ба гузориши мутахассисони КҲФ, баландии ин ғарами азими барф беш аз 6 метр ва дарозии он ҳудудан 50 метр буд.

Барои бартарафсозии он ва тоза кардани роҳ дар ин қитъа наҷотдиҳандагони хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, кормандони ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз" бо 4 техникаи барфрӯбӣ ва роҳтозакунӣ сафарбар шуданд.

Бо талошҳои якҷоя то соати 20:24, бо вақти маҳаллӣ роҳ пурра аз барф тоза шуд ва мошинҳо аз ду тараф дубора ба ҳаракат даромаданд.

Дар ин росто барои таъмини амнияту бехатарии роҳҳо кормандони хадамоти наҷоти КҲФ навбатдории шабонарӯзиро дар километрҳои 62 ва 72-и роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ ташкил кардаанд.

Бориши шадиди борон муҷиби болоравии сатҳи оби дарё, ҳаракати хок дар деҳаи Ғуломони ноҳияи Тоҷикобод шуд. Мавҷи азими об ифлосиҳои канори рӯдхона ва сангҳоро дар 196 километраи роҳи мошингради Душанбе-Рашт-Лахш-Қирғизистон ба соҳил партов кард.

Дар натиҷа роҳ масдуд шуд, ҳаракати мошинҳо қатъ гардид.

Кормандони Ситоди КҲФ дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт якҷо бо кормандони хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти кишвар бо истифода аз техника роҳро тоза карданд ва соати 06:35 дақиқаи рӯзи 11-уми март роҳ барои ҳаракати мошинҳо аз ду тараф боз шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳавои номусоид, боронҳои шадид, барф ва бодҳои тӯфонӣ то 13-уми март идома хоҳанд кард. Дар ин рӯзҳо боз ҳам болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, омадани сел, лағзиши тармаву ярч дар манотиқи гуногуни кишвар аз эҳтимол дур нест.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад ҳангоми сафар аз минтақа ба минтақаи дигар эҳтиёткор ва ҳушёру зирак бошанд.

Барчаспҳо:
ҳушдор аз тармаю сел, КҲФ Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ