21:05 19 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.10
  • EUR10.50
  • RUB0.14
В Таджикистане определились призёры конкурса Лучшая статья и поэма о жизни и творчестве Садриддин Айни

Шеъри "Айнӣ"-и Муҳаммад Ғоиб дар озмуни Вазорати фарҳанг пирӯз шуд

© Пресс-служба министерства культуры Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
258 0 0

Муҳаммад Ғоиб барои шеъри «Айнӣ» сазовори ҷои якум, Абдулҳамид Самад барои мақолаи "Раҳнамои миллати тоҷик" ва Абдураҳмон Абдуманон барои мақолаи «Руъёҳои шоирона дар «Ёддоштҳо» сазовори ҷои дуюм ва сармуҳаррири маҷаллаи «Илм ва ҳаёт» Мираҳмадов Абдуфаттоҳ сазовори ҷои сеюм гардиданд

ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik.Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 140-умин солгарди зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ Озмун дар мавзӯи "Беҳтарин мақола ва шеър дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ" эълон намуда буд, хабар медиҳад вебгоҳи ниҳод.

Бино бар иттилои манбаъ, дар доираи баргузории чорабиниҳои Рӯзи матбуот озмуни мазкур натиҷагирӣ гардида ғолибон муайян карда шуданд.

"Муҳаммад Ғоиб барои шеъри "Айнӣ" сазовори ҷои якум, Абдулҳамид Самад барои мақолаи "Раҳнамои миллати тоҷик" ва Абдураҳмон Абдуманон барои мақолаи "Руъёҳои шоирона дар "Ёддоштҳо" сазовори ҷои дуюм ва сармуҳаррири маҷаллаи "Илм ва ҳаёт" Мираҳмадов Абдуфаттоҳ сазовори ҷои сеюм гардиданд",- меафзояд манбаъ.

Дар ҷаласаи Рӯзи матбуоти тоҷик, ки дар дар толори Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ" ба таърихи 12 март баргузор гарда ба ғолибони озмун мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Ёдрас мешавем, имсол Тоҷикистон 140-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айниро ҷашн мегирад.

Пештар хабар дода шуд, ки хона-музейи Садриддин Айнӣ дар Самарқанд бозсозӣ мешавад. Дар умум Садриддин Айнӣ дар ин хона 35 сол, то солҳои 50-ум, то ба Душанбе кӯч бастанаш зиндагӣ ва эҷод кардааст. Хона аз ду қисм иборат аст, қисми аввал дар охирҳои асри 18 сохта шуда, қисми дуввуми онро дар солҳои 1930 Айнӣ бо дӯстонаш сохта буд.

Барчаспҳо:
озмун, Садриддин Айнӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ