20:56 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Меғ, акс аз бойгонӣ

Меғ мефарояд: обуҳаво барои имрӯз дар Тоҷикистон

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
62 0 0

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар водиҳо боридани борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф ва дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман дар назар аст

ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Имрӯз, 15 март дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ба иттилои Агентӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои  абрноки тағйирёбанда ва бориши борону барф пешгӯӣ шудааст. Дар ғарби вилоят ҳаво  шабона 3-2 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 10-15 дараҷа сард ва рӯзона 4-1 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда буда, боридани борон ва фаромадани туман пешбинӣ карда мешавад.  Шамол аз самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-10 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши барф дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар дошта шуда, баъзан боридани борон пешгӯӣ карда мешавад. Шабона 3-5 ва рӯзона 9-11 дараҷа гарм мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ