07:49 08 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
51 0 0

Cозмони ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз, 19 март ҳаво дар саросари кишвар камабру бебориш мешавад

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабри бебориш пешбинӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрноки бебориш шуда, бод аз сӯи шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар ВМКБ ҳавои абрноки тағйирёбанда пешбинӣ шуда, дар ғарби вилоят ҳаво шабона 0-5 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 9-14 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда буда, бод аз сӯи шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 8-13 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар дошта шуда, ҳарорат шабона 10-12 ва рӯзона 21-23 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
камабр, бебориш, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ