03:37 01 марти 2021
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.69
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
131 0 0

Иншооти мазкур бо гузашти солҳо фарсуда шуда, ба таъмир ниёз пайдо карда буд

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik.Рӯзи гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ воқеъ дар назди Муассисаи давлатии Наврӯзгоҳи пойтахт пули роҳи оҳанро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Иншооти мазкур бо гузашти солҳо фарсуда шуда, ба таъмир ниёз пайдо карда буд.

Лоиҳаи навсозии Пули роҳи оҳан аз ҷониби ҶДММ «COOL DESIGN» тарҳрезӣ гардида, фармоишгар ва пудратчӣ КВД "Роҳи оҳани Тоҷикистон" мебошад.

Дар доираи навсозии пули мазкур дар баробари таъмиру тармими хати роҳи оҳан, болои пул бо панҷараҳои мунаққаши оҳанӣ оро дода шуда, аломатҳои ороишии онро таҷҳизоти равшандиҳанда зиннати иловагӣ мебахшанд, гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар доираи таъмири пули мазкур гирду атрофи он низ таъмир гардида, ниҳолҳои ороишию сояафкан ва гулу буттаҳои мавсимӣ шинонида шудааст.

Соли 2017 дар кӯчаи Аҳмади Дониш ва хиёбони Саъдии Шерозӣ низ пулҳои роҳи оҳан таъмир гардида, бо талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуданд.

Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои иҷрогардида баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки дигар иншооти шаҳри Душанбе низ бояд мутобиқ ба меъёрҳои шаҳрсозии муосир ва бо инобат гирифтани фароҳам овардани шароити мусоиди зисту зиндагонии сокинони шаҳр амалӣ карда шаванд.

Ҳамчунин ба масъулон дастур дода шуд, ки ба корҳои созандагӣ аз ҷумла маъракаи ниҳолшинонӣ ва гулзоркуниро тақвият бахшида, баҳри тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди шаҳри Душанбе тадбирҳои лозимаро бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардашуда амалӣ намоянд.

Барчаспҳо:
ифтитоҳ, пул, Рустам Эмомалӣ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ