Поянда бод дӯстӣ: нахусти гурӯҳи гардишгарони Узбакистон ба Тоҷикистон омаданд

© Пресс служба президента РТЖенщина в национальной одежде, архивное фото
Женщина в национальной одежде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахустин гурӯҳи сайёҳони Узбакистонро намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол намуда, дар назди муҷассами Исмоили Сомонӣ ҳамоиши "Салом, Тоҷикистон!" баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Тавре Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар медиҳад, имрӯз 20 март дар арафаи ҷашни Наврӯз нахустин гардишгарони Узбакистон ба Тоҷикистон омаданд.

Бино бар иттилои манбаъ, ин сафари гардишгарон дар заминаи Созишнома байни Ҳукумати  Тоҷикистон ва Узбакистон оид ба мусофирати мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар ва оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Узбакистон сурат гирифтааст.

"Нахустин гурӯҳи сайёҳони Узбакистонро намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол намуда, дар назди муҷассами Исмоили Сомонӣ ҳамоиши "Салом, Тоҷикистон!" баргузор гардид. Ҳамзамон, аз ҷониби ширкатҳои сайёҳӣ барномаи ҷолиби боздид аз имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ташкил карда шуд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар доираи сайёҳии табобатӣ-солимгардонӣ сайёҳон бештар аз осоишгоҳҳои "Хоҷаобигарм", "Шоҳамбарӣ", "Оби шӯр"-и Ваҳдат ва "Зумрад" дидан менамоянд.

Дар доираи сайёҳии экологӣ табиати нотакрор, манзараҳои зебову назаррабо, кӯҳҳои осмонбӯс, чашмаҳои мусаффо, олами набототу ҳайвонот макони беҳтарин барои сайру саёҳат буда, он бешак, бо ҳамин рангорангии хеш таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Аз ҷумла, онҳо аз мавзеи Искандаркӯл, Ҳафткўл, Ромит, кӯҳҳои Аловуддин боздид менамоянд.

Дар сайёҳии зиёратӣ кишвари мо дорои мавзеъҳои зиёди табиӣ ва таърихию фарҳангии диққатҷалбкунанда буда, ин имкониятҳо ифодагари симои ҷолиби Тоҷикистон дар хориҷа мебошанд. Сайёҳони Узбакистон аз мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва зиёратии кишвари мо дидан мекунанд ва ин маконҳо барои онҳо бисёр ҷолиб мебошад.
Ҳоло ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Узбакистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ низ амалӣ мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0