Нигаронии генерал Назарзода аз нопойдории хонаводаҳои ҷавон

© Пресс служба президента РТГенерал-майор милиции Шариф Назарзода
Генерал-майор милиции Шариф Назарзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сардори Раёсати ВКД шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Шариф Назарзода аз нопойдории хонаводаҳои ҷавон изҳори нигаронӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни  Сино дар остонаи Наврӯз дидору мулоқот кардааст, хабар медиҳад равобити умумии ВКД.

Ба гузориши манбаъ, нахуст сардори Раёсат ширкаткунандагони мулоқотро бо фарорасии ҷашни Наврӯз табрик гуфтааст.

Шариф Назарзода дар баромади хеш доир ба фаъолияти  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҳарф зада, мавқеи ин муассисаро дар омода намудани мутахассисони соҳибмаърифат, ва кадрҳои соҳибтахассуси дорои дониш ва маҳорату малакаи баланди касбии соҳаи тандурустӣ нек арзёбӣ намудааст.

Зима в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Милисаҳои Душанбе мардумро одоби шаҳрнишинӣ меомӯзанд

Ба гуфти генерал айни ҳол беш аз 123 нафар хатмкардагони ин донишгоҳ дар вазифаҳои пурмасъул ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ  кору фаъолият карда истодаанд.

Генерал ҳамчунин оид ба вазъи ҷинояткорӣ миёни ҷавонон суханронӣ намуда, оид ба тақвияти гуфтаҳои хеш аз тасвир-слайдҳо истифода кардааст.

"Дар давраи соли 2017 ва 2 моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе содиршавии 4482 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки 1362 ададаш аз ҷониби 1301 нафар ҷавонон содир карда шудааст"., — хабар дод Назарзода.

Масъалаи дигаре, ки боиси нигаронии Назарзода шудааст, ин нопойдории хонаводаҳои ҷавон мебошад.

"Аз масъалаҳои дигари ташвишовар ва ҳалталаб, ки дар мулоқот зикр гардид, ин таҳкими маърифату маданият ва волоияти қонун дар муносибатҳои оиладорӣ, баланд бардоштани масъулият ва саҳми падару модар дар омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, таъмини пойдориву устувории оилаҳо, алалхусус оилаҳои ҷавон аст".

Як қатор донишҷӯёни фаъол ва омӯзгорони ҷавони Донишгоҳ, ки бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ ва робитаи зич доранд дар вазъияти тантанавӣ қадршиносӣ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0