11:33 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Дилбар Худойназарова, акс аз бойгонӣ

Дилбар Худойназарова: қаҳрамонии Маҳмуд намунаи ибрати толибилмони мактаби мост

© Facebook / Дилбар Худойназарова
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
32100

Маҳмуд хонадаи фаъол буд. Дар корҳои ҷамъиятӣ низ доим иштирок мекард. Вақте ки ӯ синфи 8 мехонад, хонаводаи онҳо ба Русия кӯчиданд

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Маҳмуд Хоҷаев —  як ҷавони 19-солаи тоҷик, ки дар наҷот додани 50 кас аз сӯхтор саҳм гузошт, зодаи шаҳри Душанбе ва дастпарвари маткаби 54 ба номи Лоиқ Шералии пойтахт будааст. Ин иттилоотро  мудири мактаб Дилбар Худойназарова дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъйид кард.

Ба гуфтаи мудир, ҳамсинфони Хоҷаев ҳоло дар синфи 11таҳсил мекунанд. Ӯ ва хонаводааш дар соли 2015  бо далели мушкилии хонаводагие ба Русия кӯчида будаанд.

Роҳбарияти мактаб  мегӯянд, Маҳмуд Хоҷаев —хонандаи фаъол ва ҳунарбаре буд.

Дилбар Худойназарова афзуд, аз кори неки ҷавони тоҷик аллакай тамоми мактаб хабардор аст.

Мудир  бо тамошои навори мусоҳибаи Маҳмуд зуд дастпарвари маткабашро шинохт. Ин ҳамон Маҳмуде буд, ки дар корҳои ҷамъиятии мактаб фаъолона иштирок мекард, расм кашиданро дӯст медошт ва каме ҳунари тарроҳӣ ҳам дошт.

"Маҳмуд беҳтарин шогирди мо буд. Вай рассом ва тарроҳи хуб буд ва дар чорабиниҳо фаъолона иштирок мекард. Ҳанӯз ҳам хоначае, ки барои дабистон сохта буд, нигаҳдорӣ мешавад. Солҳои 2015 буд, ки бо як мушкилии оилавӣ ӯ бо падар ва модар ва як хоҳараш Мунира  ба Русия рафтанд", —мегӯяд муаллима.

Дилбар Бекназаровна таъкид мекунад, ки имрӯз аз пагоҳ дар мактаб ба гӯшаш номи Маҳмуд мерасид, аммо ӯ аҳамият надод.

"Аз саҳар дар мактаб гап — гап буд, ки Маҳмудро дар телевзион нишон доданд. Аммо ман, ки серкор будам, аҳамият надодаам, ки гап дар бораи кадом Маҳмуд меравад. Каме пештар наворро муаллимон ба ман ҳам нишон доданд. Дар он Маҳмудро ба зуддӣ шонохтам",- мегӯяд вай.

Директори мактаб аз ин қаҳрамонии дастпарвараш  ифтихор дорад.

"Аз шунидани хабари сӯхтор ва марги кӯдакон ба даҳшат афтода будем. Вале аз куҷо медонистем, ки дар он ҳодиса хонандаи мактаби мо низ будааст. Коре, ки Маҳмуд ва Фарзон кардаанд, як қаҳрамонӣ ва ҷасорат аст. Мо бо ин гуна талабаҳои худ ифтихор мекунем ",- мегӯяд вай.

Дилбар Худойназарова афзуд, ӯ  нақша дорад, ки ба наздикӣ  чорабиние  доир карда, бо хонандагони дабистон Маҳмудро шиносоӣ кунад. Ҳамчунин дар осорхонаи Лоиқ Шералӣ, ки дар маткаб аст, акнун акси Маҳмудро низ меовезанд.

"Мо пагоҳ ё пагоҳи дигар як чорабинӣ доир карда, навори мусоҳибаи Маҳмудро ба хонандагон нишон медиҳем. Ҳамчунин аксҳои ӯро дар гӯшае аз осорхонаи Лоиқ Шералӣ ҷой медиҳем. Қаҳрамонии Маҳмуд намунаи ибрати хонандагони мактаби мо мешавад",- таъкид кард вай.

Худи Маҳмуд дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки аслан намехост, ки номаш расонаӣ шавад. Вай афзуд, ки кӯмаки кардаашро холисона анҷом додааст ва баорояш эълом кардани ном ва зодгоҳаш муҳим набуд.

Пештар хабар дода шуд, ки шоир ва рӯзноманигори тоҷик Адиба Азиз дар шеъре қаҳрамонии Маҳмуд ва Фарзонро васф кард.

"Тан ба оташ задани ду ҷавони тоҷик хеле хатарнок буд. Маҳмуду Фарзон бори дигар собит карданд, ки тоҷикон миллати ҷонфидо, шуҷоъ ва таваккалкор ҳастанд",-  тавзеҳ медиҳад навиштаашро шоир.

Пештар, худи Маҳмуд ва Фарзон дар мусоҳиба бо хабарнигорон гуфтанд, ки то дақиқаҳои охир дар дохили маркази савдои "Зимняя вишня" монда, ба берун баровардани бошандагони он кӯмак карданд. Онҳо танҳо замоне биноро тарк карданд, ки нафас кашидан ва дидан ғайриимкон шуд.

Сӯхтор дар бинои маркази савдои чорошёнаи "Зимняя вишня" дар шаҳри Кемерово рӯзи якшанбе рух дод.

Манбаи сӯхтор дар ошёнаи болоӣ будааст, ки дар он ҷо якчанд кинотолор ва майдончаҳои бозии кӯдакон бо аттраксионҳо, вуҷуд доштанд.

Дар паи ин сӯхтор, бино ба маълумотҳои ахир 64 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки дар байнашон кӯдакони зиёд будаанд.

Барчаспҳо:
сӯхтор, кӯмак, мактаби рақами 54, Дилбар Худойназарова, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ