03:34 23 октябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.82
  • RUB0.14
Авто-ретро 2017: намоиши худравҳои қадимӣ дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Қарори Рустам Эмомалӣ: дар Душанбе намоиши худравҳои қадимии "Авто-ретро" баргузор мешавад

© Sputnik Stringer
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
14110

Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда мешавад

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Дар Душанбе Фестивал-намоишгоҳи шашуми автомобилҳои коллексионии "Авто-ретро Душанб" баргузор мешавад. Дар ин бора қарори вижаи шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ рӯзи 4 апрели соли равон ба имзо расидааст.

Тавре дар санад омадааст, намоишгоҳи худравҳои нодир бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегардад.

"Рӯзи 21 апрели соли 2018 аз соати 8:00 то 18:00 дар ҳудуди меҳмонхонаи "Ҳаятт Риҷенси Душанбе" ва ҶДММ "Кохи Наврӯз" Фестивал-намоишгоҳи шашуми автомобилҳои коллексионии "Авто-ретро Душанбе" доир карда шавад",- омадааст дар қарори раиси шаҳр.

Шӯъбаи нақлиёти дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе ӯҳдадор шудаанд, ки баҳри дар сатҳи зарурӣ доир намудани намоишгоҳ чораҳои зарурӣ андешанд.

Раёсатҳои Вазорати умури дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раёсатҳои тандурустӣ ва Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии "Ёрии таъҷилӣ", нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ ва риояи Маромномаи сокини пойтахт зимни баргузории чорабинии мазкур бояд тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Ёдрас мешавем, намоишгоҳи панҷуми худравҳои нодир ба муносибати 72-юмин солгарди "Рӯзи Ғалаба" 6 майи соли гузашта баргузор шуда буд.

Барчаспҳо:
худрав, намоишгоҳ, "Авто-ретро Душанбе", шаҳрдории Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ