10:35 21 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Ифтитоҳи хонаҳо дар Дарвоз, акс аз бойгонӣ

Дар Деваштич ба муҳоҷирон замини наздиҳавлигӣ доданд

© Фото : Аз хадамоти матбуотии раисҷумҳур
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
174 0 0

Рӯзи 5 апрел ба 13 оилаи муҳоҷирони зикршуда қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳия тақсим гардид

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik.  Дар Деваштич муҳоҷирони экологӣ соҳиби замини наздиҳавлигӣ шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ,т ибқи қарори Ҳукумат "Дар бораи нақшаи миёнамуҳлати муташаккилона кўчонидани муҳоҷирони экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 — 2020"  кӯчонидани 13 оила аз минтақаҳои хавфноки деҳаҳои Бобучак ва Хишекати Ҷамоати деҳоти Ростровути ноҳияи Деваштич пешбинӣ шуда буд.

Гуфта мешавад, 5 апрел ба 13 оилаи муҳоҷирони зикршуда қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳия тақсим гардид.

"Зимни суҳбат бо муҳоҷирони экологӣ роҳбарияти ноҳия изҳори умед намуд, ки муҳоҷирон дар кӯтоҳтарин фурсат бунёди манзилҳои истиқоматиашонро ба итмом мерасонанд ва ба мавзеи нав мекўчанд",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Манбаъ меафзояд, бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия низ уҳдадор шуд, ки дар ҳамкории бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар самти фароҳам овардани шароити зарурӣ ва ҳалли мушкилоти муҳоҷирон аз рўи имкониятҳо мусоидат менамояд.

Барчаспҳо:
замин, муҳоҷир, Деваштич, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ