10:56 21 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.77
  • RUB0.14
Рустам Эмомалӣ - шаҳрдори пойтахт

Ҳафтае як бор: 700 зердасти Рустам Эмомалиро ба машқи пагоҳӣ бароварданд

© Дафтари матбуотии Шаҳрдории Душанбе
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
44220

Минбаъд низ тамоми кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳар рӯзи шанбе дар яке аз маконҳои истироҳатӣ-фароғатии пойтахт ба машқи пагоҳирӯзӣ дастаҷамъона машғул мешаванд

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Имрӯз беш аз 700 нафар кормандони сохтору ниҳодҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар назди шаршараи Наврӯзгоҳи пойтахт ба машқи пагоҳирӯзӣ баровардаанд. Дар ин бора равобити умуми шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.

Тадбири мазкур тибқи нақшаи баргузории машқҳои оммавӣ, ки аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, сурат гирифт.

Дар асоси нақшаи мазкур  кормандони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоятҳо дар рӯзҳои муайянгардида дар машқҳои пагоҳирӯзӣ иштирок мекунанд.

Тасмим гирифта шуд, ки минбаъд низ тамоми кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳар рӯзи шанбе дар яке аз маконҳои истироҳатӣ-фароғатии пойтахт ба машқи пагоҳирӯзӣ дастаҷамъона машғул мешаванд.

Ёдовар мешавем, пештар хабар дода шуд, ки кормандони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дастур гирифтаанд аз ин пас ҳар рӯзи шанбе бомдод дастаҷамъона варзишу нармиш кунанд. Чунин дастуреро раҳбари Кумитаи ҷавонону варзиш Аҳтам Абдуллозода додааст. Аммо мубтакири аслии ин дастур Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон дониста шудааст.

Кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ аз чанде пеш хоставу нахоста бояд бадансозӣ кунанд то фарбеҳ нашаванд. Милисаҳои тоҷик дастур гирифтаанд ҳар ҳафта то 5 килуметр бидаванд ва ду — се бор дар ҳафта шино кунанд.

Агар Худо накарда посдорони назму низом беш аз ҳадди муқарраркарда фарбеҳ шавад, аз кор барканор карда мешавад то вазнашро танзим кунад ва сари кор баргардад. Чунончи, порсол 20 милиса аз барои фарбеҳӣ аз кор барканор шуда буданд ё ҳушдор гирифтанд, ки лоғар шаванд.

Аммо чунон, ки гуфта шуда, "на ҳар ки ба сурат накӯст, сирати зебо дар ӯст — кор андарун мекунад, на пӯст". Кормандони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як сол пеш аз ин дастур гирифта буданд, ҳар ҳафта намоишеро дар театр тамошо кунанд то "андарунашон" низ накӯ шавад. Раҳбарии ин вазорат кормандонашро муваззаф кардааст ҳазинаи "сиратсозиашонро" худашон пардохт кунанд.

Барчаспҳо:
машқ, Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ